Ташрифи Иброҳимӣ ба Маҷмааи ваҳдати миллии Тоҷикистон

Декабрь 4, 2014 16:26

 Душанбе, 4.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар нимаи дуюми 4 декабр  Абдул Рауф Иброҳимӣ-раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Маҷмаи ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и Душанбе ташриф оварда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ-нахустин асосгузори давлати тоҷикон гулчанбар гузошт.
      Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ин маросим  Абдул Рауф Иброҳимиро муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ҳамроҳӣ кард.
     Мавриди зикр аст, ки раиси Вулуси ҷиргаи  Шӯрои миллии Афғонистон шоми 3 декабр бо даъвати Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҳайати баландпояи парлумонӣ  озими Душанбе гардид.     
 

Декабрь 4, 2014 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид