ВКД: Кумаки моддӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ

Декабрь 23, 2014 11:37

Душанбе, 22.12.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ бо ибтикори вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба мактаб — интернати рақами № 1-и шаҳри Душанбе,  ки дар он ятимону бепарасторон ба таълиму  тарбия фаро гирифта шудаанд, кумаки моддӣ, аз қабили орд, шакар, биринҷ, равған, картошка, сабзӣ,  пиёз ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ расонида шуд.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, масъулини мактаб барои чунин ташаббус ва ғамхорӣ ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки тарбиятгирандагони муассисаи мазкур таҳти назорати доимӣ қарор дошта, ба омӯхтани илму дониш пурра фаро гирифта шудаанд.  Қобили зикр аст, ки чунин иқдом дар арафаи  ҳар иду чорабиниҳо аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба роҳ монда мешавад.
 

Декабрь 23, 2014 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад