Ҳамкории Тоҷикистону Литва мушаххас карда мешавад
Минск, 21.01.2015. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Чанде пеш сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Литва Қозидавлат Қоимдодов дар мулоқоти ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Литва Дали Грибаускайте бо сафирони давлатҳои хориҷии муқими Литва иштирок намуд. Дар ҳошияи ин мулоқот суҳбати кӯтоҳмуддати сафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Литва перомуни масоили муҳимтарини ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Литва баргузор гардид.
Сафир, аз ҷумла, зикр намуд, ки сарфи назар аз ҳама рӯйдодҳои имрӯзаи ҷаҳон, бо хоҳишу мароми президенту парлумонҳо ва роҳбарони умури сиёсати хориҷӣ муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Литва мунтазам рушду густариш ёфта, дучори таъсири манфии муносибатҳои байналмилалӣ намешаванд.
20 январ мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Литва Эндрюс Кривас баргузор гардид. Ҷонибҳо масоили мубрами байналмилалӣ, мақоми Тоҷикистону Литва дар шароити пешравиҳои бузурги сиёсати ҷаҳонӣ, ҳамчунин вазъу дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои ҳамкориро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷонибҳо ба масоили ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дахл карда, бахшҳои энергетика, саноати сабук, кишоварзӣ, нақлиёту коммуникатсия ва сайёҳиро самтҳои афзалиятноки рушди равобити дуҷониба маънидод карданд.
Зимни мулоқоти сафир бо вазири иқтисодиёти Ҷумҳурии Литва Эвалдас Густас муҳокимаи масоили ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байни ҳар ду кишвар давом дода шуд. Зикр гардид, ки тайи солҳои 2010 — 2013 муомилоти моли байни Литва ва Тоҷикистон ба 222 миллиону 35 ҳазор доллари ИМА расида, соли 2014, сарфи назар аз бӯҳрони иқтисодӣ дар миқёси ҷаҳон, тайи 11 моҳи соли 2014 муомилоти моли байни ҳар ду кишвар 180 миллиону 86 ҳазор доллари ИМА — ро ташкил дод.
Дар ҷараёни сафари кории сафир ҳамчунин мулоқот бо ноиби президенти Конфедератсияи саноатчиёни Литва Гедиминас Райнис, раиси Иттифоқи сайёҳони кишвар Алгмантас Ютсевичюс ва журналистони Литва баргузор шуд.
Дар ин бора аз сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






