Ҷамъбасти фаъолияти фаврии хидматии АНМН

Январь 12, 2015 16:24

Душанбе,  12.01.2015. (АМИТ «Ховар»,  Муқаддас  Темурзода).- Охири ҳафтаи  гузашта дар  шаҳри  Душанбе Машварати фаврӣ аз  рӯи  ҷамъбасти  фаъолияти  фаврии хидматии Агентии назорати  маводи  нашъаовари  назди  Президенти ҶТ тайи  соли 2014  баргузор  гардид.
Тавре  ки  АНМН ҶТ  хабар  медиҳад,   дар  кори  машварат мудири  шуъбаи  Раёсати  мудофиа  ва ҳифзи  тартиботи Дастгоҳи   иҷроияи  Президенти  ЧТ   А.Абдуллоев,   директори  Агентии  назорати  маводи  нашъаовар  Рустам  Назарзода,  роҳбарони  раёсату   шуъбаҳои Дастгоҳи  марказӣ ва  раёсатҳои  минтақавии  Агентӣ   ширкат  доштанд.
Дар  машварат   натиҷаи  фаъолияти  Агентӣ  тайи  соли  2014   ҷиҳати  иҷрои Дурнамои  тадбирҳо  барои   татбиқи  «Стратегияи  миллӣ  оид  ба   муборизаи  зидди  гардиши  ғайриқонунии   маводи  мухаддир  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон тайи  солҳои  2013 -2014»,  мубориза бо   гардиши  ғайриқонунии  маводи  мухаддир,  ҷилавгирии  нашъамандӣ,   ҳамчунин роҳандозии амалиётҳои  муштарак  ва  машқҳои  минтақавӣ,  таҳкими  ҳамкории  байналмилалӣ ҷамъбаст  гардид.
Таваҷҷуҳи роҳбарони   ниҳодҳои  Агентии   назорати  маводи  нашъаовар ба бархе   нуқсонҳои  ташкили  тафтишоти   нозирон, ҷилавгирии  фаъолияти   гурӯҳҳои  муташаккили ҷинояткори  дорои  хусусиятии трансмиллӣ  ҷалб  карда шуд. Дар  робита бо  ин,  барои   рафъи  нуқсонҳои  зикршуда   пешниҳодҳои  мушаххас  ироа  шуда,  ҳисоботи роҳбарони  ниҳодҳои  Агентии  назорати  маводи  нашъаовар  ҷиҳати  иҷрои чорабиниҳо  барои  соли  2014   шунида,  дурнамои  тадбирҳои  асосии   агентӣ  барои   соли  2015  мавриди  муҳокима  қарор  гирифта ва барои тасдиқ  манзури   директори  Агентӣ  карда шуд.
Дар  анҷоми  машварат  директори Агентӣ бархе  масоилеро  зикр  намуд, ки  бояд  дар  давраи оянда ба онҳо  таваҷҷуҳи  хоса  зоҳир  гардад. Ҳамчунин  зикр  шуд,  ки  конфронси  байналмилалӣ   аз  рӯи  масоили  муборизаи  зидди  маводи  нашъаовар, ки охири  моҳи  май  дар   шаҳри  Душанбе баргузор  мегардад,  бояд   дар  сатҳи  баланд  роҳандозӣ шавад. 

Январь 12, 2015 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст