Баргузории намоиши либосҳо дар марказҳои дӯзандагӣ

Январь 26, 2015 12:13

Душанбе, 26.01.2015 (АМИТ Ховар, Фарзонаи Давлат).-Дар коргоҳҳои муштараки дӯзандагии Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ (р) ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баъд аз 2 моҳи омӯзиш ҷиҳати афзоиши ҳавасмандон миёни ҷавонондухтарон намоиши мӯдҳо доир шуд. 
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи имдод хабар доданд, дар намоишгоҳ соҳибкорон ширкат намуда,  ба пешравиҳои ҳунаромўзон  таҳсин намуданд ва барои ҷалби онҳо ба кор изҳори омодагӣ намуданд.
Гуфта мешавад, дар чорабинии мазкур ҳамчунин намояндагони дафтари намояндагии Кумитаи имдоди  Имом Хумайни (р) ва раёсати Кумитаи ҷавонон,  варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок намуда, таълимгирандагонро ба муносибати ҷиддӣ нисбат ба кор ва талош барои соҳиб шудан ба касб даъват карданд.

Январь 26, 2015 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст