Боздиди Қ. Расулзода аз навсозиҳои роҳу нақбҳои Суғд

Январь 9, 2015 14:48

Душанбе, 09.01.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 08 -уми январи соли равон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои  сохтмон, таҷдиду тармим ва  навсозии роҳу нақбҳо, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ шинос шуд.
Дар  доираи  ин  сафар  Сарвазири  мамлакат  Қоҳир  Расулзода нахуст бо  корҳои  таъмиру  тармим  ва  омодасозии  нақби мошингарди  «Истиқлол» шинос гардида, ба мутахассисону нақбканон барои иҷрои босифат ва саривақтии нақшаҳои кори пешбинишуда маслиҳату  тавсияҳои судманд дод. Тавре ки иттилоъ  дода  шуд, то имрўз дар ин иншооти муҳим корҳои пешбинигардида ба андозаи 60 фисад иҷро гардида, тасмим  гирифта  шудааст, ки  то охирҳои  моҳи  майи соли равон татбиқи пурраи лоиҳаи таъмиру  тармими   нақб ба охир расонида шавад. Дар айни замон шароити рафтуомади  нақлиёт  дар нақб то андозае  қулай  гардида,  корҳои  оббандӣ, ҳаводиҳӣ, равшаннамоӣ, кандани чоҳҳо ва бетонпӯшнамоии роҳҳои обгузар бо маром идома доранд. 
Ҷараёни татбиқи  лоиҳаҳои  тармиму  таҷдид  ва навсозии  роҳу  нақбҳо, ки  дар пешбурди иқтисодиёти мамлакат нақши назаррас доранд, пайваста дар мадди назари роҳбарияти давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоикистон қарор доранд. Таҷдиду тармим ва навсозии  роҳи  мошингарди  Айнӣ-Панҷакент, аз қабили ҳамин гуна лоиҳаҳои  мавриди таваҷҷуҳ ба  ҳисоб  рафта,   бо  ҳиссагузории  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  ташкилоту  идораҳои  молиявии байналмиллалӣ амалӣ   мешавад. Лоиҳа навсозӣ ва тармиму таҷдиди масофаи беш аз 112 километр роҳро дар бар гирифта,  то имрўз ба андозаи беш аз 80 фисад корҳо дар он анҷом дода шудаанд. Новобаста ба таъмини иҷрои ҳиссаи бештари  корҳои  пешбинишуда  суръати  корҳои роҳсозиро дар минтақаҳои алоҳида Сарвазири мамлакат нокифоя арзёбӣ кард. Бо назардошти  суръати  сусти корҳо дар иншооти  мазкур  Сарвазири мамлакат роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, мутахассисону роҳсозони ташкилоту идораҳои марбутаро вазифадор намуд, ки барои тақвият бахшидани корҳои роҳсозӣ, афзун намудани неруи корӣ ва техникаю таҳизоти зарурӣ  тадбирҳои  иловагӣ  андешида, мавриди  истифодаи пурра   қарор   додани  иншооти  мазкурро  дар  семоҳаи охири  соли  равон таъмин  намоянд.
Сокинони  шаҳри  Панҷакент аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола  оғоз намудани  маъракаи ниҳолшинонӣ ва ободонию сабзазоркуниро аз таваҷҷухи хоссаи роҳбарияти давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба рушди ин бахши  манфиатбори соҳаи  кишоварзӣ арзёбӣ намуда, дар пайравӣ ба ин иқдом ба маъракаи дастаҷамъии  ниҳолшинонӣ  баромаданд. Сарвазири  мамлакат дар ин рўз ба  хоҷагии  кишоварзии ба  номи Фирдавсии  шаҳри Панҷакент омада, ба  маъракаи  ниҳолшинонӣ ва бунёди боғҳои наву  хуррамгардонӣ оғоз бахшид.
Дар идомаи сафар ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Сарвазири мамлакат бо фаъолияти имрўза, тавоноии истеҳсолӣ ва вазъи таъминоти барқу ашёи хоми  корхонаи саноатии муштараки «Зарафшон» дар шаҳри Панҷакент шинос шуд. Зимни сафари корӣ, шиносоӣ бо ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои тармиму навсозии роҳу нақбҳо, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ  дар ҷаласаи сайёри корӣ дар ҳузури Сарвазири мамлакат натиҷагирӣ шуд.
 
 

Январь 9, 2015 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад