Бозии “Истиқлол” ва “Эрбил” барои Ҷоми AFC-2015
Душанбе, 15.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Бозии нахустини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои «Истиқлол”-и Душанбе ва «Эрбил”-и Ироқро ҳакамон аз Ӯзбекистон доварӣ мекунанд.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, довари ФИФА Илгиз Танташев аз шаҳри Бухоро сардовари ин бозӣ таъйин шудааст. Ҳусниддин Шодмонов ва Алишер Усмонов ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Шерзод Қосимов вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Виктор Колпаков аз Қирғизистон нозири доварон ва Тох Сен Ни аз Малайзия комиссари ин бозӣ таъйин шудаанд.
Гуфта мешавад, ки «Истиқлол” дар Ҷоми АФК-2015 дар гурӯҳи «С” бо дастаҳои «Ал-Қодсия”-и Кувайт, барандаи феълии Ҷоми АФК, «Эрбил”-и Ироқ, финалисти мусобиқаи охирини Ҷоми АФК ва ғолиби плей-офф (Уммон, Туркманистон ва Қирғизистон) рақобат хоҳад кард.
Бозиҳои гурӯҳи «С” аз 25-уми феврал то 13-уми майи соли равон баргузор мешавад. Аввалин бозии «Истиқлол” бо «Эрбил” 25-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






