Чорабиниҳои фарҳангӣ миёни сарбозону афсарон

Январь 26, 2015 10:54

Душанбе, 26.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар ҳафтаи гузашта  дар Полки комендантии Вазорати мудофиа бо иштироки масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афсарону сарбозони полки мазкур ҷамъомад доир гардид.
Зимни дидорбинии навбатӣ масъулини кумита ба ҳайати ин қисми ҳарбӣ беш аз 400 нусха китоби бадеиву илмӣ тақдим намуданд ва пас аз суханрониҳои масъулони вохӯрӣ барномаи фарҳангиву фароғатии сарбозон дар ин қисми низомӣ оғоз гардида, он ҷавонаскарон, ки дар айни ҳол дар ҳайати ротаи посбони фахрӣ, оркестри ҳарбӣ- нафасӣ ва баталйони алоқаи Полки комендантӣ хизмати ҳатмии ҳарбиро ба ҷо меоранд, бо пешниҳоди саҳнаҳои ҳаҷвии пурмазмун ва суруду оҳангҳои ватандӯстона ҳунару истеъдоди хешро нишон доданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, ташкили чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар байни сарбозону афсарони қисму воҳидҳои ҳарбӣ аз ҳар ҷиҳат манфиатбахш буда, дар баланд бардоштани рӯҳияи хизматии эшон нақши муҳим дорад.

Январь 26, 2015 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад