Даргирии шадид дар Афғонистон
Душанбе,20.01.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Шаби гузашта дар вилояти Пактикои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон даргирии шадид миёни неруҳои ҳарбии Афғонистон ва ҷангиёни толибон ба амал омад. Дар ҳодиса 9 аъзои ҳаракати «Толибон» бо шумули як фармондеҳи маҳаллии онҳо низ маҳв карда шуда, чанд нафари дигар захм бардошт. Аз ҷониби сарбозони афғон 1 нафар ба ҳалокат расида, чанд каси дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст.
Душанбе,20.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тули чанд шабонарӯз аст, ки дар як силсила давлатҳои Африқои Шарқӣ обхезии шадид ба амал омадааст. Гуфта мешавад, ки ҷорӣ шудани сел боиси хароб гардидани манзилҳои истиқоматии сокинон, роҳу кӯпрукҳо ва заминҳои корам шудааст. Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар баробари ниҳодҳои дахлдор ихтиёриён низ сафарбар шудаанд.
Душанбе,20.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар минтақаи Вазиристони Шимолии Ҷумҳурии Исломии Покистон як ҳавопаймои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки бидуни сарнишин ба як маҳалли аҳолинишин зарбаи мушакӣ зад, дар пайи ҳодиса 5 сокини минтақа ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Лозим ба ёдоварист, ки аз соли 2004-ум то инҷониб дар пайи ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои неруҳои низомии Амрико 2 ҳазору 390 сокини осоиштаи Покистон ба ҳалокат расидааст.
Душанбе,20.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бегоҳи гузашта ҷангиёни ҳаракати «Ҳауси» ба Қасри президенти Яман ҳамла карданд. Мувофиқи иттилои расонаҳои дохили кишвар ҳангоми ҳамлаи шӯришгарони Ал-Ҳауси ба қасри президент роҳбари давлат Ҳади дар қароргоҳи хусусии худ қарор доштааст.Ҷоизи қайд аст, ки чанд рӯз пеш президенти Яман Абд-Раббу Мансур Ҳади бо намояндагони ҳаракати «Ҳауси», маъмул бо номи «Ансоруллоҳ» созишномаи сулҳ оид ба оташбаси дуҷонибаро ба имзо расонда будаанд.Аммо нофаҳмоиҳо миёни ду гурӯҳ ба амал омадааст. Дар айни замон дар шаҳри Санъо дар назди қасри президент бархӯрди мусаллаҳонаи шадиди ҷонибҳо идома дорад.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






