Даргузашти Сӯҳроб Шарипов

Январь 19, 2015 13:52

 
Душанбе, 19.01.2015. (АМИТ «Ховар»). — Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Сӯҳроб Ибронович дар синни 52-солагӣ бино бар сабаби беморӣ 19 январи соли 2015 аз олам даргузашт. 
Сӯҳроб Шарипов 18 апрели соли 1963 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, соли 1988 факултаи философияи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносовро хатм кардааст. Ӯ фаъолияти меҳнатиашро соли 1988 ҳамчун муаллими философия дар Донишгоҳи давлатии Маскав оғоз намуда, дар ин даргоҳи маърифат то соли 1990 кор кардааст. Солҳои 1990-1993 аспиранти факултаи философияи ДДМ,  номзади илмҳои фалсафа ва аз соли 1993 то соли 1998 ба ҳайси корманди илмии факултаи философияи ДДМ фаъолият намудааст.      
Марҳум Сӯҳроб Шарипов соли 1998 ба Тоҷикистон омада, ба ҳайси сардори шуъба дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ то соли 2001 фаъолияташро идома додааст. Солҳои 2001-2003 — ҷонишини сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, солҳои 2003-2005-ёвари Президенти ҶТ ва солҳои 2005-2011 ба ҳайси директори  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ фаъолият кардааст. 
Аз соли 2011 то ин ҷониб вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. 
Маросими ҷанозаи марҳум фардо соати 10 дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт барпо мешавад.
Роҳбарият ва ҳайати эҷодии АМИТ «Ховар» ба наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият баён дошта, ба эшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд.  
 
 
 

 

Январь 19, 2015 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид