Дурахши «Ҷоми ҷаҳонтоби Ҷомӣ» дар ТВС

Январь 7, 2015 11:40

Душанбе, 07.01.2015. (АМИТ «Ховар», Мукаддас Темурзода).- «Дар давраи ҳисоботӣ бахшида ба ҷашни 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ барномаҳои «Ахтари адаб», «Гардиш», «Вожазори маонӣ», филми мустанади «Ҷоми ҷаҳонтоби Ҷомӣ» таҳия ва пахш гардиданд»,- изҳор намуд директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Лутфулло Давлатзода имрӯз, 7 январ  зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.  
Л. Давлатзода ҳамчунин зикр намуд, ки идораи таҳия ва  дубляжи филмҳои муассиса дар ҳамкорӣ бо тарҷумонҳо, нависандагон ва кормандони Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» 24 филми калонҳаҷми бадеӣ дар ҳаҷми 2400 дақиқа ё 40 соат ва 72 филми пурраҳаҷми мустанадро дар ҳаҷми 3600 дақиқа ё 60 соат аз мавзӯъҳои гуногуни ҳаёти башарӣ ва олами вуҳуш, табиат ва муҳити зист интихоб, тарҷума, дубляж ва пешкаши бинандагон гардонд.
«Ғайр аз ин, дар ин муддат кормандони бахши таҳияи филмҳои идора
филмҳои бадеии «Фасли руъё», «Сарнавишт», «Нишона», «Ҳасрат», «Бо як гул баҳор намешавад», «Орзуи рассом», новеллаҳои телевизионии «Подош», «Ашки рашк», «Ормон»-ро таҳия ва дар эфир пахш намуданд»,- афзуд Л. Давлатзода.
 

Январь 7, 2015 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад