Фарҳанги Ҳисор ва мавқеи он

Январь 13, 2015 15:57

Душанбе, 13.01.2015.(АМИТ “Ховар”, Раъно Нусратуллозода).- Олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш дар соли ҷамъбастии 2014 аз рӯи 7 мавзӯъ таҳқиқот анҷом доданд. Муҳимтарин натиҷаи таҳқиқот нашри асари шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» зери назари академик Раҳим Масов буд, ки ба итмом расонида шуд. Ин асари бунёдӣ аз асарҳои пешина ба куллӣ фарқ дошта, на ба тафсири сулолаҳои алоҳидаи минтақа ва ҳокимони турку муғул, балки бештар инъикоси таърихи миллии тоҷиконро дар бар мегирад.  Дар ин асари шашҷилда омадааст, ки гузаштагони халқи тоҷик -суғдиён, бохтариён, хоразмиҳо аз доманаҳои Урал дар ғарб то Туркистони шарқӣ дар шарқ, аз дашти Қипчоқ дар шимол то халиҷи Форсу шимоли Ҳиндустон дар ҷануб сукунат доштаанд. 
Олимони институт ба навиштаи асари дастаҷамъии  «Таърихи ҳамзистии аҳолии муқимӣ ва кӯчии Осиёи Миёна дар  асрҳои миёна ва нав (сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, ҷараёни этникӣ ва дигар самтҳои ҳаёти хоҷагидорӣ)» оғоз намуданд. Мақсади таҳияи китоб — нишон додани асли воқеии ҳамзистии ду шакли зист — муқимӣ ва кӯчии аҳолии Осиёи Миёна, равшан сохтани тарзи ҷараён гирифтани робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, динӣ, раванди этникӣ ва омезиши онҳо дар давраҳои мазкур мебошад. 
Олимони соҳаи бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ вобаста  ба ҷашни 3000 — солагии Ҳисор дар ҳудуди қалъаи Ҳисор ҳафриёт гузаронида, корҳои илмиро дар мавзӯи таъриху фарҳанги ин водӣ идома доданд. То ин дам китоби Р. Масов ва В. Ранов «Фарҳанги  Ҳисор ва мавқеи он дар давраҳои аввали этногенези халқи тоҷик» ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  ва «Маҷмӯи ёдгориҳои таъриху фарҳанги водии Ҳисор» нашр шуданд. Ҳафриёти бостоншиносӣ  дар ҳудуди қалъаи  Ҳисор  гузаронида шуда, дар асоси маводи ба дастомада тахмин кардан мумкин аст, ки вақти азхудкунии ин мавзеъ тақрибан 3000 сол пеш оғоз шудааст. 

Январь 13, 2015 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид