Гузаронидани корҳои санҷишӣ дар Хатлону Суғд

Январь 15, 2015 15:47

Душанбе, 15.01.2015. (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар натиҷаи гузаронидани корҳои санҷишӣ дар вилояти Хатлон, Суғд ва тибқи маълумотҳои пешниҳодкардаи кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ муайян кард, ки дар ҷумҳурӣ дар соли 2014 майдони  33 540 гектар замини корам, аз ҷумла 16 783 гектар корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст, ки нисбат ба соли 2013 17 920 гектар,  аз ҷумла обӣ 4 115 гектар зиёд буда, аз ҷумла  дар вилояти Хатлон майдони 8 103 гектар замини корам, аз он 7 201 гектар корами обӣ ва дар вилояти Суғд майдони 23907 гектар замини корам, аз он 9 277 гектар корами обӣ ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ майдони 1 530 гектар замини корам, аз ҷумла 305 гектар корами обӣ мебошад.
Сабабҳои аз гардиши кишоварзӣ берун мондани ин заминҳо гуногунанд. Аз ҷумла, бо сабабҳои шўршавӣ ва ботлоқшавӣ  — 880 гектар, аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоот — 1 105 гектар, дар натиҷаи селоб зер кардан — 664 гектар, нагузаронидани корҳои мелиоративӣ — 211 гектар, аз нав таъмин ва таҷдид намудани шабакаҳои обёрикунанда — 134 гектар, набудани об барои обёрӣ — 9 510 гектар ва корҳои ғайриқаноатбахши ташкили хоҷагидорӣ  — 20 003 гектар мебошад.
 
 

Январь 15, 2015 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад