Хуҷанд: Мулоқот бо соҳибкорон

Январь 21, 2015 09:31

Хуҷанд,21.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).- Дирӯз шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкорон мулоқот анҷом дод. Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” роҳбари маркази матбуоти раиси шаҳр Маҳмудҷон  Муҳаммадӣ  иттилоъ дод, дар вохӯрӣ наздик ба 100 нафар соҳибкори маҳаллӣ иштирок намуд. 
Ба гуфти манбаъ, шаҳрдори Хуҷанд доир ба саҳми соҳибкорони шаҳр ҳарф зада, зикр намуд, ки алъон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 1067 корхонаю ташкилоти хусусӣ фаъолият дорад, ки нисбат ба соли гузашта 100 корхона зиёд аст. Аз миқдори умумӣ  209 корхонаи саноатӣ, 125 корхонаи сохтмонӣ ва 431 коргоҳи соҳаи савдо мебошад, ки танҳо ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳҳои саноатӣ дар соли сипаригашта зиёда аз 490 миллион сомониро ташкил додааст. 
Дар вохӯрӣ Р.Аҳмадзода ба 20 нафар соҳибкори муваффаки шаҳр барои саҳми арзанда дар рушди соҳибкорӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорид. 
Дар навбати худ соҳибкорон барои ҳамкорӣ ва дастгирии ҳамаҷониба баҳри пешбурди фаъолияти худ ба роҳбарияти шаҳр изҳори сипос намуданд,- илова намуд манбаъ.  
 
 

Январь 21, 2015 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид