Ихтисосҳои радиоэкология, мероси хаттӣ, усулҳои физикию химиявӣ дар ДМТ
Душанбе, 12.01.2015. (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Соли ҷорӣ 5 нафар омўзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои гуногун, аз ҷумла, 2 нафар бо мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста», 1 нафар бо ордени «Шараф, дараҷаи 2» ва 2 нафар устоди ҷавон бо ҷоизаи ба номи «Исмоили Сомонӣ» сарфароз гардонида шуд.
Шурўъ аз соли 2014 бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ворид гаштан ба фазои ягонаи таҳсилот ихтисосҳои амалкунандаи шуъбаи рўзона, ғоибона ва магистратураи донишгоҳ пурра ба низоми таҳсилоти кредитӣ гузаронида шуданд, зикр кард дар нишасти матбуотӣ проректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдусалом Миралиев ва афзуд, ки ин ниҳод аз оғози соли нави таҳсил 2013- 2014 дар мувофиқа ба Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ихтисосҳои радиоэкология, мероси хаттӣ, усулҳои физикию химиявӣ ва асбобҳои назорати сифати маҳсулот, фарҳангию ҷаҳонӣ ва ватанӣ, фолклор, аудит ва ревизия, санҷиши судӣ, тарҷумаи бадеӣ ва ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ кушода шуда, қабули донишҷўён ҳам дар гурўҳҳои буҷавӣ ва ҳам дар гурўҳҳои шартномавӣ ба роҳ монда шуд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






