Ислоҳот дар Оинномаи КФО
Душанбе, 12.01.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар Конгресси навбатии Конфедератсияи футболи Осиё (КФО), ки дар Мелбурни Австралия баргузор гардид, ислоҳот барои Оинномаи ин ташкилот тасдиқ шуданд.
Бино ба иттилои ФФТ, мутобиқи дастурамали қаблии Оинномаи КФО, кишварҳои иштирокчии мусобиқаҳои конфедератсияи мазкур, мутобиқи асосҳои ҷуғрофӣ ва одобу ахлоқи маданияшон ба чор минтақа: Ғарбӣ, Шарқӣ, Ҷанубӣ-Шарқӣ ва Ҷанубӣ-Марказӣ тақсим мешуданд, ки Тоҷикистон узви минтақаи ахирӣ буд.
Гуфта мешавад, минбаъд минтақаи Ҷанубӣ-Марказӣ аз ду минтақаи алоҳида иборат мебошад. Ба минтақаи Ҷанубӣ: (Бангладеш, Бутан, Ҳиндустон, ҷазираҳои Молдив, Непал, Покистон ва Шри-Ланка) ва ба минтақаи Марказӣ: (Афғонистон, Эрон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон) шомиланд. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон ба минтақаи панҷуми КФО — минтақаи Марказӣ дохил мешавад.
Ворид намудани ин ислоҳот ба минтақаи панҷум имкон медиҳад, ки дар Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё намояндаи доимии худро дошта бошад ва ин намоянда, бевосита манфиатҳои намояндагони минтақаи Марказиро ҳимоя намояд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






