Конфронс: «Нақши Ҳисор дар тамаддуни Шарқ»

Январь 28, 2015 10:39

Душанбе, 28.01.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — «Нақши Ҳисор дар тамаддуни Шарқ»- таҳти чунин унвон конфронси байналмилалии илмиву назариявӣ дирӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид. 
Ин ҳамоиш ба сеҳазорсолагии Ҳисори Шодмон, ки соли равон таҷлил мегардад, бахшида шуд. Дар он олимону донишмандон ва таърихшиносони тоҷику хориҷӣ дар мавзӯоти гуногун оид ба сарчашмаҳо, омӯзишу таҳқиқот ва натиҷаи ҷустуҷӯҳои тӯлонӣ дар ҳудуди Ҳисор маърӯзаҳои пурмуҳтаво карданд. 
Тавре ки маълум аст, моҳи сентябри соли 2015 дар кишвар сеҳазорсолагии яке аз минтақаҳои бостонии Тоҷикистон — ноҳияи Ҳисор таҷлил мегардад. Корҳои ободонӣ ва таҳқиқоту омӯзишӣ дар ин мавзеи таърихӣ дар ҳоли идомаёбианд. Тавре ки дар конфронс баён гардид, Ҳисор ҳамчун мавзеи таърихӣ ва яке аз марказҳои тамаддуни миллати тоҷик дар ҳама давру замон аз ҷониби бостоншиносон мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дошт. Имрӯз низ аз ҷониби таърихчиён ва бостоншиносон дар ин самт корҳои зиёди таҳқиқотӣ гузаронида мешаванд. Гарчанде таърихи Қалъа аз асрҳои 15-16 сарчашма мегирад, аммо то бунёди он ҳаёт дар ҳудуди он ҳамчун як давлати бузург 50 ҳазор сол қабл идома доштааст ва мардуми зиёде умр ба сар мебурдаанд. Дар доираи омодагиҳо ба ин ҷашн дар ноҳияи Ҳисор бештар аз 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд ёфта, маркази он ба як шаҳри ободу зебои замонавӣ табдил хоҳад ёфт. 
 

Январь 28, 2015 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид