Кумаки Амрико ба Сурия

Январь 19, 2015 11:25

Душанбе,19.01.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-    Иёлоти Мутаҳидаи Амрико  нақша дорад, ки беш аз 400 нафар низомии худро ба қаламрави Сурия барои мубориза дар ин кишвар  алайҳи ифротиёни «Давлати исломӣ» ва гурӯҳҳои дигари террористӣ равона кунад. Қобили зикр аст, ки Арабистони Саудӣ, Қатар ва Туркия низ тасмим гирифтаанд, ки ба гузаронидани ин иқдоми ҳарбии неруҳои ИМА ҳамроҳ шаванд. 
    Душанбе,19.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си муддати чанд рӯз аст, ки дар Малави аз сабаби  номусоидии ҳаво ва боришоти пай дар пай борон сатҳи оби рӯду наҳрҳо  баланд гардида, ба минтақаҳои аҳолинишин ҷорӣ шуда, 170 нафарро  ба ҳалокат расонда, ҷанд нафари дигарро бемор ва захмӣ намудааст. Гуфта мешавад, ки беш аз 100 ҳазор нафар аҳолии дигар  манзилҳои зисти худро тарк намуда, ба ҷойҳои бехавф интиқол дода шудаанд.
      Душанбе,19.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар соли 2014  кормандони ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Мардумии Чин  60 ҳазор нашъаҷаллобро боздошт намудаанд. Ба гуфти  ҳукуматдорони кишвар 180 нашъаманд ба ҷавобгарӣ кашида шуда, 50 ҳазор каси дигари онҳо барои табобат иҷборат ба беморхонаҳои махсус таҳвил дода шудаанд. 
       Душанбе,19.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар шаҳри Тененкуи Мали дар байни гурӯҳи силоҳбадастон ва низомиёни давлатӣ задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад.Дар задухӯрд  2 нафар низомии давлатӣ ба ҳалокат расида, чанд каси дигар  захмӣ шудааст. Аз тарафи силоҳбадастон низ чанд нафар ба ҳалокат расидааст. Ҷоизи қайд аст, ки қаблан дар мубориза бар зидди силоҳбадастон СММ ва низомиёни Франсия ба Мали кумак мерасонданд. Задухӯрд  470-километр дуртар аз пойтахти Мали рух додааст. 
       Душанбе,19.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи равон дар натиҷаи амалиёти мақомоти  махсуси Ҷумҳурии исломии Афғонистон Мулло Юнус, яке аз нафарони воломақоми гурӯҳи «Толибон»-ро  бо 5 нафар ҳаммаслаконаш  дар вилояти Қандаҳор боздошт намудаанд. Бояд гуфт, ки  Мулло Юнус то замони ба даст афтиданаш дар ҷустуҷӯи мақомоти махсуси Афғонистон қарор дошт. Номбурда тӯли солҳои зиёд дар ин гурӯҳи террористӣ ба ҳайси масъули молӣ ва низомӣ адои вазифа мекардааст. 
 
 
 
 
 

Январь 19, 2015 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид