Маросими туҳфасупорӣ ба Академияи ВКД дар вилояти Суғд

Январь 8, 2015 11:10

Душанбе, 08.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбия ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 3 дона компютер, 3 дона принтер, 2 дона ҷомадони криминалистӣ, 2 дона таҷҳизоти гармидиҳанда,  2  дона кондитсионер, 1 дона телевизор, 1 мошини боркаши тамғаи «Хундай-Портер», китобҳои дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ»-и вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ китобҳои дарсии гуногун тақдим намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД, ҳамчунин, бо Фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро 50 нафар муаллими Академияи ВКД дар вилояти Суғд бо маблағи 300 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуд.
Аз ин дастгирию ғамхориҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҳайати шахсӣ ва курсантону шунавандагони Академияи мазкур рӯҳбаланд гардида, изҳори миннатдорӣ намуданд.
 

Январь 8, 2015 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст