ММТ: тағийрот вобаста ба интихоби довталабон

Январь 22, 2015 16:28

Душанбе, 22.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Ба иттилои Маркази миллии тестии Тоҷикистон дар соли 2015 ба довталаб имконият дода шудааст, ки то 12 ихтисосро бо назардошти муассисаи таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил интихоб намояд. 
Довталаб то 12 ихтисосро бо назардошти муассисаи таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил чунин интихоб карда метавонад:
Вобаста ба шакли таҳсил: танҳо аз рӯйи шакли таҳсили рӯзона, танҳо аз рӯйи шакли таҳсили ғоибона, танҳо аз рӯйи шакли таҳсили шабона, аз рӯйи шаклҳои гуногуни таҳсил. 
Вобаста ба намуди таҳсил: танҳо аз рӯйи намуди таҳсили ройгон, танҳо аз рӯйи намуди таҳсили пулакӣ, аз рӯйи ҳам намуди таҳсили ройгон ва ҳам намуди таҳсили пулакӣ.
Вобаста ба муассисаи таълимӣ: танҳо аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, танҳо аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ҳам аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ҳам аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ.
Гуфта мешавад, ки довталаб наметавонад забони таҳсилро дар вақти бақайдгирӣ мушаххас нишон диҳад, зеро тақсимоти донишҷӯёнро ба гурӯҳҳои академӣ аз рӯйи забони таълим баъди гузаштан аз озмуни тақсимот муассисаҳои таълимӣ мувофиқи балҳои бадастовардаи донишҷӯён ва хоҳиши онҳо анҷом медиҳанд.
Бақайдгирии довталабон новобаста аз муассисаи таълимӣ (донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо), шакл ва намуди таҳсил дар як вақт мегузарад.

Январь 22, 2015 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид