Мулоқоти Н.Салимов бо сафири Озарбойҷон

Январь 16, 2015 12:14

Душанбе,  16.01.2015. (АМИТ «Ховар»,  Марҳабои  Азамат).- Чанде  пеш  дар  шаҳри  Душанбе  мулоқоти  ректори Донишгоҳи  давлатии  омӯзгории Тоҷикистон  ба  номи  С.Айнӣ  Носир  Салимов  ва Сафири  фавқулодда  ва  мухтори  Ҷумҳурии  Озарбойҷон  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Аббосалӣ Гасанов баргузор  гардид. 
Ҷонибҳо  дар  ҷараёни  мулоқот   перомуни   масоили  рушди ҳамкории  байни Донишгоҳи давлатии  омӯзгории  Тоҷикистон  ба  номи  С.Айнӣ  ва Донишгоҳи  давлатии   омӯзгории Озарбойҷон  ба  номи Н.Тусӣ  табодули  афкор   намуданд. 
Ҳамчунин  аҳамияти   созишномаи  ҳамкории  байни акдемияҳои улуми ҳар  ду  кишвар, ки ҳангоми  сафари  расмии Президенти  Ҷумҳурии  Озарбойҷон  Илҳом  Алиев  ба  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  имзо шуда буд,  ба таври  махсус  зикр  гардид.  Ҷонибҳо  изҳор  доштанд, ки   барои  рушди  равобит  дар  бахшҳои  илму  маориф имконияти  зиёде  мавҷуд  аст. 
Сафир А.Гасанов  ба  мусоҳиб  пешниҳод  намуд, ки  лоиҳаҳои  илмӣ ва ҳуҷҷатҳои  тадқиқотии муштарак  мавриди  муҳокима  қарор  дода, табодули  нусхаҳои  асарҳои  шоирону мутафаккирони  машҳури  Озарбойҷону  Тоҷикистон  намуда,  бахшида ба  ҳаёту  фаъолияти онҳо  чорабиниҳои  махсус  роҳандозӣ  шаванд. 
Сафири  Ҷумҳурии  Озарбойҷон изҳор  дошт, ки имсол  бо  ибтикори  сафорати ҶО дар  ҶТ доир  намудани симпозиуми  илмӣ  бахшида  ба  ҳаёту  фаъолияти шоири  маъруфи  Озарбойҷон  Ҳоқонии  Ширвонӣ  бо  иштироки  олимони  Озарбойҷону  Тоҷикистон  дар  назар  аст. 
Н. Салимов   дар навбати  худ  зикр  намуд, ки ҳанӯз  дар  давраи  мавҷудияти Иттиҳоди  Шӯравӣ   олимони  Озарбойҷон  ба  ҳайси олимони  беҳтарини бахши   шарқшиносӣ  ва  илмҳои  дақиқ   шинохта  шуда буданд. Мавсуф изҳори  умедворӣ  намуд, ки ҳамкории байни  донишкадаҳо  метавонад  барои  ҳар  ду  ҷониб қобили  қабул  ва  судманд  бошад. 
Н.Салимов   ҳамчунин  изҳор  дошт, ки алҳол дар Донишгоҳи давлатии  омӯзгории  Тоҷикистон донишҷӯёне, ки  бояд  таҳсилро  дар  Академияи  дипломатии  Озарбойҷон  идома  диҳанд,  интихоб  карда  мешаванд.
Дар  ҷараёни  мулоқот  ҳамчунин  масоили  ташкили  сафари  олимон  ба   кишварҳои  якдигар,  роҳандозии  тадқиқоти  муштараки  илмӣ  дар   бисёр  бахшҳои  илм  ва  табодули таҷриба аз  рӯи  тарбияи  кадрҳо  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд.

Январь 16, 2015 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид