Муъминобод: суратҳисоби махсус барои ятимони кулл

Январь 30, 2015 12:16

Муъминобод, 30.01.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол)-Дар ноҳияи Муъминобод зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Тоҳирхон Амиршоев  оид ба вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гуфт, ки  нақшаи қисми  даромади буҷет  дар ноҳия  бо назардошти  ёрии молиявӣ  ва тағйироту  иловаҳо 100% таъмин шуд.  Дар ин давра  соҳаҳои буҷетӣ  ба маблағи 31 млн 526 ҳазору 178 сомонӣ  маблағгузорӣ шуданд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  3 млн 874 ҳазору 287 сомонӣ  зиёд аст.  Инчунин ба маблағи 21 млн 872 ҳазору 600 сомонӣ  музди меҳнат дода шуд, ки 69,3 фоизи  хароҷотро  ташкил намуда,  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  3 млн 399 ҳазору 445 сомонӣ  зиёд аст. Қарздории музди меҳнат  ва нафақа мавҷуд набуда,  кормандони соҳаҳои буҷетӣ  дар муҳлатҳои муайяншуда  бо музди меҳнат таъмин шуданд. Ҳамзамон аз фонди  раиси ноҳия  ба оилаҳои камбизоат  28 ҳазору 500 сомонӣ  дода шуда, барои 38 нафар  ятими кулл  аз ҳисоби  ташкилоту  муассисаҳо  ва хоҷагиҳо  42 ҳазору 707 сомонӣ ҷудо гардида, он дар суратҳисоби  махсуси  кушодаи филиали БДА «Амонатбонк»  дохил шуд, ки  ба сари ҳар ятими кулл 1124  сомонӣ рост меояд. 

Январь 30, 2015 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид