Мусоидат ба бахши тиҷорати Тоҷикистон

Январь 9, 2015 12:11

Душанбе,  09.01.2015. (АМИТ «Ховар», Покизаи  Шодмон).- 8 январ  дар  шаҳри  Душанбе  мулоқоти раиси  Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  Шариф  Саид бо  мутахассиси  лоиҳаи «Мусоидат  ба   тиҷорат» — и  барномаи  рушди  СММ  — UNDP  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Гулсара  Мамадҷонова  ва  мушовири  маҳаллии   лоиҳаи  мазкур  Рустам  Шодибеков  баргузор  гардид. 
Тавре  ки  аз маркази  матбуоти ПСС ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ҷонибҳо  дар  ҷараёни  мулоқот  масоили  ҳамкории  муштарак  дар  ҳошияи  лоиҳаи «Дастгирии  таъсиси  марказҳои   рушди тиҷорат  дар   сатҳи миллӣ  ва  доир  намудани  тренингҳои   доимии   соҳибкорон» —  ро  мавриди  муҳокима қарор  доданд. Лоиҳаи  мазкурро  ПСС ҶТ  якҷоя бо  лоиҳаи «Мусоидат ба тиҷорат» — и Барномаи  рушди  СММ — UNDP  дар Тоҷикистон бо  дастгирии  молиявии Ҳукумати  Финляндия  дар  амал  татбиқ  менамояд. 
Зимни  мулоқот  ҳамчунин  масоили  ташкилии   иштироки   соҳибкорони   саноати  хӯрокворӣ ва  истеҳсолкунандагони  маҳсулоти кишоварзии  Тоҷикистон  дар   намоишгоҳи  махсуси   байналмилалии  ПРОДЭКСПО, ки  аз  9  то  13  январ дар  шаҳрпи  Маскав  баргузор  мегардад, баррасӣ  шуданд. 
Ба  гуфтаи  Шариф  Саид, дар  шароити Созмони  умумиҷаҳонии  савдо   беҳдошти   бахши  тиҷорат  бо  иштироки  соҳибкорони тоҷик дар  намоишгоҳҳои  байналмилалии  савдо  ба густариши  ҳамкории  минтақавӣ,   афзоиши   неруи  содиротӣ, рақобатпазирии  маҳсулоти  Тоҷикистон,  афзоиши  маҷмӯи  маҳсулоти   дохилӣ,  бунёди   корхонаҳои  муштарак,  ба  имзо расонидани  қарордодҳои  мутақобилан  муфид,  фароҳам овардани  ҷойҳои нави  корӣ  ва  баланд  бардоштани  сифати  зиндагии  аҳолӣ  мусоидат  мекунад.

Январь 9, 2015 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст