Н.Салимзода: 14 дастгоҳи Gen Xpert барои ташхиси сил

Январь 7, 2015 11:28

 
Душанбе, 07.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  “Дар айни ҳол дар муассисаҳои тиббии мамлакат бо назардошти рушди тибби хусусӣ 10 адад томографи компютерӣ, 6 адад томографи магнитию резонансӣ, 5 адад ангиограф, 6 адад маммограф, 19 адад дастгоҳи эндовидеоҷарроҳӣ, 16 адад дастгоҳи покнамоии хун (диализ) фаъолият дорад”-гуфт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода имрӯз, 7 январ зимни нишаст матбуотӣ.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар доираи амалӣ намудани «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурӣ таҳия ва боздид  шуданд. Аз моҳи январи соли 2014 Тоҷикистон дар ҳудуди давлатҳои Осиёи Миёна аз аввалинҳо шуда пурра ба мафҳумҳои нави бемории сил, ки Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  пешниҳод намудааст, гузашт. Дар давоми соли 2014 тамоми аҳолии кишвар ба Барномаи шакли мутобиқгаштаи сил фаро гирифта шуда, тибқи фармоиши алоқаманди вазорат дар кишвар барои табобати беморони шакли васеи мутобиқгашта 30 кат ҷудо шуд.
“Бо мақсади таъмини сифат дар самти ташхиси бемории сил, дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд бо шарикон дар айни ҳол дар қаламрави ҷумҳурӣ 14 адад дастгоҳи муосир (Gen Xpert) барои ташхиси бемории сил ва шакли мутобиқгаштаи сил харид шудааст ва бо маводи масрафшавандаи озмоишӣ таъмин мебошад. Харидории боз 32 адад чунин дастгоҳ дар нақша аст”,-гуфт Н Салимзода.
 
 

Январь 7, 2015 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд