Навсозиҳои роҳҳои оҳан дар кишвар

Январь 30, 2015 15:15

Душанбе, 30.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тибқи нақша ва мувофиқ ба имкониятҳои дошта шурӯъ аз соли 2014 тасмим гирифт, ки тамоми истгоҳҳои роҳи оҳани дар ҳудуди мамлакат мавҷуд бударо аз таъмири куллӣ бароварда, барои кормандону мутахассисони соҳа шароити  хубтари фаъолиятро муҳайё созад. 
Бино ба иттилои ВКД «Роҳи оҳан», бо талошу дастгириҳои Ҳукумати мамлакат солҳост, ки маркази чумҳурӣ- шаҳри Душанбе бо вилоятҳои Суғду Хатлон  пайванди роҳи оҳан дорад. Барои дар ҳолати омодабош қарор доштани роҳи оҳан ва ҳаракати бехатари қатора, истгоҳҳо нақши калидӣ мебозанд. Бо назардошти ин масъала роҳбарияти корхонаи мазкур тасмим гирифт, ки тамоми истгоҳҳои минтақаҳои Душанбе, Суғд ва Хатлонро, ки аз тариқи онҳо қатора ҳаракат мекунад, таъмиру навсози намояд. 
Гуфта мешавад, дар соли равон тибқи ин нақша бинои вокзали шаҳри Кӯлоб ва истгоҳи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон навсозӣ шуданд.
 
 

Январь 30, 2015 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад