Никоҳи навхонадорон танҳо пас аз ташхиси тиббӣ?
Душанбе, 16.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Издивоҷ ва ё бунёди оила барои ҳар як шахс қадами ҷиддӣ мебошад. Агар аз як тараф ин қадам ба навхонадорон хурсандӣ орад, дар бархе ҳолатҳо бори гарони онҳо мегардад.
Раиси ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Абдуалим Исмоилов пешниҳод намуда буд, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пеш аз бастани ақди никоҳ ҳатман аз ташхиси тиббӣ гузаштани навхонадорон ба тасвиб расонида шавад.
Ин нуктаро ў ҳанӯз соли 2012 дар маҷлиси ҷамъбастӣ иброз дошт: «Хуб мешуд агар навхонадорон ҳамроҳ бо аризае, ки ба шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандон барои бастани ақди никоҳ месупоранд, маълумотномаи тиббӣ оид ба ҳолати саломатиро низ замима намоянд. Ба фикри ман, ин барои саломатии насли наврас муфид хоҳад буд».
Холаи Нигина, сокини як деҳа дар вилояти Хатлон ин пешниҳодро хуб мепазирад, зеро дар зиндагии вай аз рӯи ин масъала мушкилоти зиёд пеш омадааст. Ба гуфтаи мусоҳиб як сол пеш писари ҳамсоя хостгори духтари 19- солааш Наргис шуду онҳо бо ҳушҳолӣ ба қавле сари фарзандашонро ҷуфт карданд. «Вале пас аз 3-4 моҳи зиндагӣ оилаи домод бо даъво, ки духтарам касалӣ асту ҳомиладор намешавад, ӯро барои муоина ва муолиҷа ба хонаамон фиристод. Бо харҷи қариб 1500 сомонӣ ман духтарамро аз ташхисҳо гузарондам, бачадону гурдаашро табобат кардам, вале бо гузашти боз 6 моҳи дигар вай ҳомиладор нашуд»,-мегӯяд холаи Нигина.
Як моҳ пеш волидайн маҷбур Наргисро ба Душанбе оварда, дар таваллудхонаи рақами 2-и пойтахт аз муоина гузарониданд. Пас аз муоина дар таркиби хуни Наргис микроберо ошкор намуданд, ки монеаи ҳомиладоршавиаш мешудааст. Маълум гашт, ки шавҳари Наргис то зангирӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ будаву аз ҳамон ҷо гирифтори ин беморӣ шудааст ва пеш аз зангирӣ касеро хабардор накардааст.
Дар яке аз ҷаласаҳои ҳукуматӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ доир ба масъалаи гузаштани ташхиси тиббӣ сухан ронда, таклиф намуд, ки ҳамаи ҷавонон пеш аз бастани ақди никоҳ аз санҷиши тиббӣ гузаранд. Аммо, дар ҳоли ҳозир ягон хел заминаи ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ вуҷуд надорад, то мақомоти маҳаллӣ тавонанд дар асоси он чунин маълумотномаҳои тиббиро талаб намоянд. Агар чунин мешуд, ин кор метавонист чораи хуби пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои гуногун ва махсусан ВНМО (ВИЧ) гардад.
Тавсияи табибон…
Директори Маркази саломатии шаҳри Душанбе Ҳомидҷон Нуралиев мегӯяд, ки ӯ низ чун табиб ба ҷавонон тавсия медиҳад, ки пеш аз хонадоршавӣ аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Ба гуфтаи Ҳ.Нуралиев аксарияти ҷавонон то оиладоршавӣ ба хатогиҳо роҳ медиҳанд ва ин сабаби вайроншавии оилаҳои ҷавон дар оянда мегардад.
Алихон Икромӣ, коршиноси умури тиббӣ-додгоҳӣ ба Радиои Озодӣ пешниҳод намуда буд, ки дар назди хонаҳои ақди никоҳ гурӯҳи тиббӣ- додгоҳӣ аз ҳисоби равоншинос, асабшинос, духтури занона ва пизишки бемориҳои сироятӣ ташкил шавад ва қабл аз ақди никоҳ арӯсшавандаю домодшаванда аз ташхис гузаранд.
Пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон
Мақсад аз ин таклиф пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон дар Тоҷикистон аст, ки солҳои охир бештар ба назар мерасад. Ба гуфтаи Алихон Икромӣ, омор нишон медиҳад, ки беш аз 30 дарсади вайроншавии хонаводаҳои тоҷик, бахусус оилаҳои ҷавон аз сабаби нашъаманду майзада ва ё гирифтори беморӣ, аз ҷумла касалиҳои сироятӣ будани домод ва ё “бокира” набудани духтарон аст.
Салимаи 30 сола, сокини пойтахт маҳз аз сабаби бемории рӯҳӣ будани шавҳараш хонавайрон гаштааст. « Ман соли 2006 бо хоҳиши волидайн ба писари як шиносашон оиладор шудам. Пас аз тӯй маълум шуд, ки шавҳарам гирифтори бемории рӯҳӣ асту ин бемориаш танҳо шаб авҷ мегирад». Ба гуфтаи Салима шабҳо шавҳараш кӯшиши куштани вайро мекардаасту рӯзона гӯё чизе дар хотираш набудааст. Салима аз тарси шавҳар шабҳои бехобӣ мекашидааст. Пас аз як сол дигар Салима ба ин ҳолат тоқат ва ба ҳомиладориаш нигоҳ накарда, аз хонаи шавҳар баромада рафтааст.
Фотима Собирова низ пас аз се моҳи оиладорӣ аз шавҳар ҷудо шудааст. Фотима мегӯяд, ки шавҳараш нашъаманд будаасту пас аз хонадоршавӣ ҳар рӯз нашъа истеъмол карда, вайро латукӯб мекардааст. «Шавҳарам ҳатто пас аз як моҳи хонадоршавиамон зару зеварҳои маро барои харидани нашъа фурӯхта буд. На хусуру хушдоман ва на волидайни ман вайро аз ин роҳ гардонида натавонистанд ва ман маҷбур шудам аз вай ҷудо шавам».
Ислом покӣ ва назофатро меписандад
Мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии ҶТ ва мударриси Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам Абдулвоҳид Ҳамидов низ аз ташхиси тиббӣ гузаштани навхонадоронро дастгирӣ менамояд. «Дар замоне ки мову шумо зиндагӣ дорем, аз ташхиси тиббӣ гузаштани ҷавонон бисёр хуб аст, зеро имрӯз ҳар навъи касалиҳоро мо мушоҳида карда истодаем. Ҳарчанд дар фаъолияти раёсати мо ҳолатҳое, ки писар ё духтар касал шуда бошад, набуд. Вале ба ин нигоҳ накарда, аз нуқтаи назари ман ин иқдом ҳам аз ҷиҳати тиб ва ҳам шаръӣ хуб аст. Ислому шариат худ назофат ва покиро дӯст медоранд».
Дахолат ба ҳаёти шахсӣ
Вале як мусоҳиби мо- Манучеҳр, сокини пойтахт ин иқдомро дахолат ба озодии шахсӣ меҳисобад. Ба гуфтаи вай мо дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд зиндагӣ дорем ва яке аз ҳуқуқҳои демократии мо- ин оиладоршавӣ мебошад ва ҳеҷ кас ҳуқуқи пеш овардани монеаро, чун гузаштан аз ташхиси тиббӣ барои мо надорад: «Барои пешгирии ҷудошавию сироят нагардидани ҷавонон, мо бояд пеш аз ҳама маърифати онҳоро баланд бардошта, ҷавононро дуруст тарбия кунем. Барои чӣ аз барои як қисми бемори ҷомеа, қисмати солими ҷомеа зарар бинад? Муаллифони ин пешниҳод фикр мекунанд, ки ташхис ин мушкилотро бартараф мекунад? Ҳангоми ба боғча, мактаб ва ё мактаби олӣ бурдани фарзандонамон ва ё ба кор даромадан аз мо маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ талаб мекунанд. Чанд фоизи мардум ҳамаи ин ташхисҳоро мегузарад? Ба фикри ман 99 фоизи аҳолӣ маълумоти тиббиро мехарад. Чунин вазъ ҳангоми бастани ақди никоҳ низ рух хоҳад дод».
Ба қавли мусоҳиб аз ин «иқдом» танҳо қисми камбизоати мамлакат зарар мебинаду халос. «Мардуме, ки солҳо пул ҷамъ карда мехоҳанд оиладор шаванд, боз як қисми пулашонро барои гузаштани ташхиси тиббӣ месупоранд. Ҳар як шахс худ медонад, ки кадом бемории ирсӣ ва ё сироятӣ дорад ва ё гирифтори чӣ гуна беморӣ шудааст. Дар чунин маврид ҳар як шахс бояд нисбат ба худ ва ҳамсари ояндааш боинсоф бошад. Барои ҳалли ин мушкилӣ аввал самти тандурустӣ ва маорифро бояд хуб ба роҳ монд. Бояд фасод дар ин соҳаҳо набошад», -мегӯяд мусоҳиб.
Вале дар мавриди дахолат ба зиндагии шахсӣ мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии ҶТ ва мударриси Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам Абдулвоҳид Ҳамидов мегӯяд, ки ин дахолат нест. Ин танҳо як насиҳат ба ҷавонон мебошад.
Мудири бахши иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Маҳбуба Азимова мегӯяд, ки хуб мешуд агар ин пешниҳод қонунӣ гардад: «Ҳарчанд ин нукта дар аҳдномаи никоҳ сабт шуда бошад ҳам, онро касе риоя намекунад. Ин аз як тараф бемориҳои сироятию генетикии ҷавононро ошкор намуда, аз тарафи дигар беасос танқид шудани бокирагии духтаронро низ аз байн мебарад». Ба андешаи М.Азимова ин кор ба озодии шахс дахолат нахоҳад кард, зеро имрӯз ҳамаи ҷавонони мо соҳибмаълумоту маърифатнок мебошанд ва боре ҳам бошад аз ташхиси тиббӣ гузаштаанд. «Бояд ҳар ҷавон пеш аз бастани ақди никоҳ дарк намояд, ки тақдири як нафари дигар ва баъдан тақдири фарзандонашро низ ба уҳда мегирад»,- илова намуд мусоҳиб.
М.Азимова дар мавриди хариди маълумотномаҳои тиббӣ гуфт, ки ҳар корманди соҳаи тиб пеш аз фаъолият савганд ёд мекунад ва ҳар як нафари онҳо уҳдадоранд, ки аз рӯи инсоф кор кунанд.
Р. Раҳимзода: Ҳамсари ояндаатонро санҷед!
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ дар як ҷаласаи фаврӣ аз афзоиши ҷиноятҳои ахлоқӣ, аз қабили фоҳишагарӣ, даллагӣ, занҷаллобӣ ва фасодхонаҳо изҳори нигаронӣ кардааст.
Бар асоси иттилои ВКД, Р. Раҳимзода нисбат ба масъулини мубориза бо ҷиноятҳои ахлоқӣ ва харидуфурӯши одамон ҷазои сахти интизомӣ эълон карда, супориш додааст, дар ҷумҳурӣ барои пешгирии фоҳишагӣ, даллагӣ, занҷаллобӣ, хариду фурӯши одамон, истисмори шаҳвонӣ, ташкил ва нигоҳдории фасодхонаҳо санҷиши масус роҳандозӣ шаванд.
Вазир таъкид намудааст, ки тамоми нафароне, ки ба мақомоти корҳои дохилӣ вобаста ба ҷиноятҳои ахлоқӣ ва кирдорҳои бадахлоқона дастрас мешаванд, барои муайян намудани касалиҳои олоти таносул, ба монанди масунияти норасоии бадан (ВИЧ-СПИД), оташак (сифилис), сӯзок (гонорея) ва бемориҳои дигари ҷинсӣ аз муоинаи тиббӣ гузаронида шаванд.
“Ҳамзамон изи ангуштони онҳо гирифта шуда, онҳо дар қайди махсуси Вазорати корҳои дохилӣ гузошта шаванд”,-афзудааст ӯ. Рамазон Раҳимзода пешниҳод кардааст, ба Кодекси оила тағйиру иловаҳо ворид шаванд, то ки шаҳрвандон пеш аз хонадоршавӣ ба Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат намуда, ҳамсари ояндаи худро аз санҷиш гузаронанд.
Вазорати умури дохилӣ ҳадаф аз ин пешниҳоди вазирро мустаҳкам намудани оилаҳои ҷавон, интихоби тарзи ҳаёти солим, пешгирии вайроншавӣ ва ҷудошавии оилаҳо арзёбӣ намудааст.
Сармутахассиси Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе Гулнора Исамова дар мавриди ин масъала чунин ибрози андеша намуд: «Дар айни ҳол мо пешниҳоди ягон маълумотномаи тиббиро талаб намекунем. Мумкин бештари шаҳрвандон ба ин пешниҳод зид бароянд, вале ман ба ин иқдом розӣ ҳастам. Ҷавонон пеш аз бастани ақди никоҳ дар бораи бемориҳои якдигар бояд донанд, то ҳолатҳои ҷудошавӣ коҳиш ёбанд».
Бино ба иттилои Гулнора Исамова, соли 2014 дар Хонаи ақди никоҳи Душанбе 5 ҳазору 808 ҷавон оиладор шудааст.
Бино ба иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи талоқҳои сабтшуда дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 6845 ададро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1077 талоқ ё 18,7 дар сад зиёд аст. Тибқи ин гузориш, афзоиши шумораи бақайдгирифташудаи талоқ ба ҷуз вилояти Бадахшон, дар ҳамаи минтақаҳои дигари кишвар ба назар мерасад. Ба ин тартиб, мизони талоқ дар вилояти Суғд 18,7 дар сад, Хатлон 12,2 дар сад, Душанбе 13,9 ва дар ноҳияҳои тобеи марказ 30,9 дар сад будааст. Аммо ба гуфтаи масъулони Агентии омори назди Президенти ҶТ дар вилояти Бадахшон шумораи талоқҳои бақайдгирифта 4,5 дар сад кам шуда, 64 ададро ташкил додааст.
Афзоиши шумораи талоқҳо дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки мавридҳои никоҳ миёни ҷавонон низ дар ҳоли афзоиш аст, зеро тибқи гузориши Агентии омори Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ шумораи никоҳ дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2, 9 дар сад афзоиш ёфта ва 66,5 ҳазор ҷуфтро ташкил додааст.
Зафари 25-сола ва Муҳайёи 19-сола, ки мехостанд ба наздикӣ хонадор шаванд, чунин пешниҳодро бобати гирифтани маълумоти тиббӣ хуш пазируфтанд. «Агар гузаштани ташхис ҳатмӣ бошад, чаро нагузарем? Ин кори хеле хуб мешавад, зеро бештари ҷавонон пеш аз оиладоршавӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд ва мумкин гирифтори ягон беморӣ шуда бошанд»,-гуфт Зафар.
Чунин муоинаи тиббии арӯсу домодҳо дар чанде аз кишварҳои ҷаҳон низ истифода мешавад ва чунин муоина нишонаи эҳтироми ҷавонон нисбат ба ҳуқуқи ҳамдигар аст.
Таҷрибаи дигар давлатҳо
Дар Ӯзбекистон пеш аз бастани ақди никоҳ гузаштан аз муоинаи тиббӣ ҳатмӣ мебошад. Ҳанӯз соли 2002 тағйироту иловаҳо ба Кодекси оилаи Ӯзбекистон оид ба ҳатмӣ будани гузаштан аз муоинаи тиббӣ қабул гардиданд. Ин икдом барои таъмини шароити мусоид барои ташаккули оилаи солим, пешгирии таваллуди кӯдакони носолим пешбинӣ шудааст.
Тибқи қонуни амалии оила шаҳрвандони Озарбойҷон ҳангоми бастани ақди никоҳ ташхиси тиббиро ихтиёрӣ мегузаранд. Вале ихтиёран гузаштани ташхис ба он меорад, ки дар бештари ҳолатҳо ҷавонон дар бораи беморӣ ва вазъи саломатии якдигар намедонанд, яъне ташхис махфӣ байни бемор ва духтур мемонад, ки ин ҳолат дар оянда ҳатто ба барҳамхӯрии оила оварда мерасонад.
Дар Молдова ҷуфте, ки мехоҳад оиладор шавад, бе супоридани таҳлилҳои тиббӣ ақди никоҳ мебандад. Ҳукумати Молдова ба хулоса омадааст, ки дигар ба ҳаёти шахсии шаҳрвандонаш дахолат накунад.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо чунин савол ба масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ муроҷиат намуд. Бино ба гуфтаи масъулини дастгоҳ дар ҳақиқат ба онҳо дар мавриди гирифтани маълумот оид ба вазъи саломатӣ пеш аз никоҳ мактубу пешниҳодҳои зиёд ворид гаштаанд ва ин масъала аз ҷониби мутахассисон мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Ба гуфти масъулин масъалаи мазкур дар ояндаи наздик ҳалли худро хоҳад ёфт.
Дахолат кардан ё накардан ба ҳаёти шахсӣ баҳси беҳадду канор аст, вале дар замони мо ҳар як ҷавон бояд пеш аз бастани ақди никоҳ дар фикри солимии оилааш бошад, зеро тавре мегӯянд: «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ». Имрӯз дар шароите, ки кӯдакон бо бемориҳои гуногуни модарзодӣ таваллуд мешаванду аз ин ҳам волидайн ва ҳам фарзанди маъюб азоб мекашад, гузаштан аз ташхиси тиббӣ- ин худ як қадам барои солимии фарзандони оянда мебошад.