Омодагии Ҷопон барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон

Январь 7, 2015 15:54

Душанбе, 7.01.2015. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Такаши Камада 7 январи соли равон сурат гирифт. Ба иттилои хадамоти матбуоти  вазорати мазкур, дар ҷараёни  мулоқот Ш.  Раҳимзода барои дастгирӣ ва ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои мухталифи иқтисод изҳори миннатдорӣ намуд.
Сафири Ҷопон дар навбати худ аз шароити мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, таъкид дошт, ки мо омода ҳастем дар вусъат бахшидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҷониби ширкатҳои бузурги ҷопонӣ дар соҳаҳои гуногун кӯшиш ба харҷ диҳем.
Дар раванди мулоқот ҷонибҳо дар атрофи дигар масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкор намуданд.

Январь 7, 2015 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст