Ошкоршавии 1 471 ҷинояти коррупсионӣ

Январь 26, 2015 16:44

Душанбе, 26.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз дар  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид, роҳбари ин ниҳод Абдуфаттоҳи Ғоиб ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  1 471 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд ошкор гардидааст, 438-тои онҳоро ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ташкил медиҳанд. Аз ҷумлаи ҷиноятҳои ошкоргардида 298-тоаш ҷиноятҳои бо роҳи азонихудкунӣ, исрофкорӣ ва қаллобӣ, 40 адад ҷинояти сӯйистифода аз ваколатҳи мансабӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, 107 ҷинояти гирифтан ва додани пора, 14 адад ришвадиҳии тиҷоратӣ ва 29 адад гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ мебошад.  
« Маблағи зарари молиявӣ бо ҷиноятҳои ошкоргардида 128 млн. 119 ҳазору 614 сомониро ташкил медиҳад, ки зимни санҷишу таҳқиқ маблағи 28 млн. 24 ҳазор сомонии он рӯёнида шудааст»,-гуфт Абдуфаттоҳ  Ғоиб.
 
 

Январь 26, 2015 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад