Сафари тими мунтахаби ҷавонон ба Санкт-Петербург

Январь 16, 2015 09:08

Душанбе, 16.01.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дастаи мунтахаби ҷавонони то 21-солаи Тоҷикистон, таҳти роҳбарии сармураббӣ Алишер Тухтаев, шоми дирӯз ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Иттиҳод-2015», ки аз 16 то 25 январ баргузор мегардад,  ба Санкт-Петербурги Русия сафар кард.
Ҳайати намояндагии дастаи кишвар аз 25 нафар иборат аст, ки аз онҳо 19 нафарашон бозингарон мебошад. 
Бино ба иттилои Федератсияи футболи кишвар, бозии аввали мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар «Ҷоми Иттиҳод-2015»  пагоҳ, 17-уми  январ бо дастаи мунтахаби ҷавонони Қазоқистон баргузор мешавад. Рӯзи дигараш, яъне 18 январ, дастпарварони Алишер Тухтаев бо ҳамсолони худ аз Африқои Ҷанубӣ рақобат мекунанд. Дидори охирини марҳилаи гурӯҳии худро тими мунтахаби ҷавонони кишгвар рӯзи 20 январ бо дастаи мунтахаби ҷавонони Литва доир хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки дар марҳилаи аввалӣ 12 дастаи иштирокчӣ ба се гурӯҳи чор дастаӣ тақсим шуд. Сабқати марҳилаи аввал аз рӯи низоми  даврӣ гузаронида мешавад, ки дар он ҳар як даста бо дастаҳои гурӯҳи худ як бозӣ мегузаронад. Дастаҳои дар гурӯҳҳо ҷойҳои аввалу дуюмро ишғолкарда ва ду дастаи ҷойҳои сеюми нишондиҳандаҳояшон авлотар барои ҷойҳои аз 1 то 8 аз рӯи низоми «плей-офф» бозӣ мекунанд.
Ҳамчунин се дастаи дар гурӯҳҳо ҷойҳои охирро ишғолкарда ва як дастаи ҷои сеюми нишондиҳандаҳояш пасти марҳилаи гурӯҳӣ барои ҷойҳои 9-12 низ аз рӯи низоми «плей-офф» рақобат мекунанд.

Январь 16, 2015 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад