Сатҳи муътадили нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ

Январь 15, 2015 15:49

Душанбе, 15.01.2015. — (АМИТ «Ховар»). — Сарфи назар аз вазъи мураккаби сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, ноустувории иқтисодиёти кишварҳои шарикони савдо, тағйирёбии нархи молу ашёи асосии содиротӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва афзоиши фишорҳои қурбӣ, дар соли 2014 тамоюли мусбати рушд дар иқтисодиёти миллӣ нигоҳ дошта шуда, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар сатҳи нисбатан муътадил қарор доштанд. 
    Аз рӯи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2014 ба 45,6 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он 6,7 фоизро ташкил намуд. Коҳиш ёфтани суръати афзоиши ММД-и воқеӣ нисбат ба соли 2013 ба андозаи 0,7 банди фоизӣ, пеш аз ҳама ба паст гардидани унсури талабот дар иқтисоди ҷаҳон ва пастравии рушди иқтисодиёт дар кишварҳои шарикони асосии савдо, ки аз нимсолаи дуюми соли 2014 инҷониб бештар мушоҳида гардид, вобастагӣ дошт. 
   Рушди истеҳсолот ва таклифоти молу маҳсулоти ватанӣ дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар аз ҷумла, сохтмон 25,3 фоиз, гардиши савдои чакана 6,5 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 5,1 фоиз, кишоварзӣ 4,5 фоиз ва хизматрасонӣ 1,0 фоиз ба қайд гирифта шуд. 
    Дар соли 2014 раванди нисбатан номуътадили сатҳи нархҳои маҳсулоти воридотӣ, тағйирёбии қурбӣ, бахусус дар кишварҳои шарикони савдо (Русия, Украина ва Қазоқистон) ва инчунин болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ (орд, картошка ва маҳсулоти гӯштӣ) ба афзоиши сатҳи таваррум дар кишвар замина гузошт. Дар натиҷа нишондоди солонаи он дар доираи дурнамои пешбинигардида 7,4 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 3,7 банди фоизӣ зиёд мебошад. 
    Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 9,7 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 6,5 фоиз ва маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 2,9 фоиз ба миён омад. 
    Тибқи ҳисобҳои Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи таварруми аслӣ дар ин давра 2,9 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 1,6 банди фоизӣ зиёд мебошад. 
Дар соли 2014 вазъи савдои иқтисодиёти берунӣ бинобар номуътадилии сиёсию иқтисодӣ дар ҷаҳон ба афзоиши бақияи манфии тавозуни савдои кишвар оварда расонид. Гардиши савдои хориҷӣ дар соли ҳисоботӣ 5,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 6,6 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 15,8 фоиз афзоиш ёфта, бо кишварҳои хориҷи дур 0,1 фоиз коҳиш ёфт. 
     Ҳаҷми содироти молҳо ба 977,4 млн. долл. ИМА ва воридоти молҳо ба 4,3 млрд. доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба соли 2013 мутаносибан 3,6 фоиз ва 7,3 фоиз зиёд мебошад.   Тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ташаккул ёфта, касри он 3,4 млрд. долл. ИМА-ро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 13,6 фоиз зиёд мебошад. 

Январь 15, 2015 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид