Сифати баъзе доруворӣ ба талабот ҷавобгӯй нест
Душанбе, 07.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар соли 2014 ба ҷумҳурӣ ба маблағи 94 млн. 149 ҳазору 398 доллари амрикоӣ маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ворид шудааст, аз ҷумла ба 50 321 899 доллари амрикоӣ ёрии башардӯстона, 40 727 118 доллари амрикоӣ барои тиҷорат, 3 100 381 доллари амрикоӣ бо мақсади истифода равона шудааст. Дар ин бора вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода имрӯз, 7 январ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Содироти маводи доруворӣ аз ҷумҳурӣ дар ин давра ба 2 млн. 700 898 доллари амрикоӣ баробар мебошад.
Сифати 40951 адад маводи доруворӣ санҷида шуд, ки аз онҳо 199 адад ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯй набуд.
Дар ин муддат фаъолияти 1156 муассисаи фармасевтӣ, 160 муассисаи тиббӣ ва 1016 нуқтаи савдои маводи ороишию гигиенӣ санҷида шуд. “Ҳангоми санҷиш аз муассисаҳои фармасевтии ҷумҳурӣ 1233 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 219 545 адад аз муомилот гирифта шуд, ки аз ин 2 номгӯй маводи дорувории қалбакӣ ба миқдори 17 адад, 538 номгӯй маводи дорувории муҳлати истифодааш гузашта ба миқдори 5498 адад, 699 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббии бе сертификати мутобиқат ба миқдори 131 305 адад, 24 номгӯй маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббии ба таври қоҷоқ ба ҷумҳурӣ воридшуда ба миқдори 82 725 ададро ташкил мекунад”,-илова намуд вазир.








Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






