Соли 2013 “Шрек” ва “Мадагаскар”-и тоҷикӣ — соли 2015 чӣ навгонӣ?

Январь 28, 2015 17:17

Душанбе, 28.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо мақсади назорат намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ соли 2014 дар 16 ҷаласаи Шӯрои бадеии Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиккино” ширкат намуда,  беш аз 112 филми аз забонҳои туркӣ, арабӣ, англисӣ ва ҳиндӣ ба забони тоҷикӣ тарҷумашударо, ки аз ҷониби студияҳои “Нурангез”, “Арш”, “Симо Продакшн”, “Килк”, “Ҳамсадо”, “Тоҷикфилм” ва “Асар” пешниҳод шудаанд, мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин бора имрӯз, 28 январ зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи номбурда ҳангоми баррасӣ оид ба истифодаи калимаю ибораҳо, ифода ва риояи меъёри забони адабӣ эроду пешниҳодҳои мушаххас манзур  шуданд. 
Дар мавриди тарҷумаи ғалат ва лаҳни қабеҳи филмҳои тасвирӣ Гавҳар Шарофзода баён дошт, ки соли 2014 дар шаҳри Кӯлоб филмҳои тасфирии лаҳни қабеҳ дошта ва бе хулоса ва мувофиқаи кумита ба фурӯш бароварда шуда, аз мағозаю дӯконҳо бароварда шуданд.  Дар нимсолаи аввали соли 2015 бо иштироки гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо   Прокуратураи генералӣ ва Вазорати фарҳанг дар пойтахт низ гузаронидани чунин чорабинӣ дар назар  аст. 
Ба гуфтаи сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот Раҳим Раҷабзода филмҳои тасвирӣ ва бадеӣ аз ҷониби шахсони инфиродӣ таҳия мегардиданд ва то соли 2013 дар ҳисоботи кумита ва гурӯҳҳои санҷишии кумита ин масъала мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. “Бояд ёдовар шавам, ки филмҳои тасвирии “Мадагаскар” ва “Шрек”  аз дӯконҳои фитафурӯшӣ бардошта шуда ва ба “Тоҷиккино”, ки масъуланд,  супоришҳои мушаххас дода шуд.  Соли 2014 тибқи нақша кумита дигар корҳоро ба сомон расонида, соли 2015 ҳатман ин масъаларо боз баррасӣ хоҳанд кард”,- гуфт Р.Раҷабзода.  
 

Январь 28, 2015 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид