Соли 2014 -соли бобарор барои ДТТ
Душанбе, 12.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Соли сипаришуда барои мардуми Тоҷикистон ва ҳам барои кормандони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ соли хотирмон буд. Таҷлили ҷашнҳои 20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории Саммити сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай бори дигар исбот намуд, ки халқи тоҷик метавонад чорабиниҳои муҳимро дар сатҳи баланд амалӣ намояд,- гуфт Ҳайдар Одинаев, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ имрӯз, 12-уми январ зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳоло дар сохтори асосии донишгоҳ 9 факултет, 49 кафедра аз рӯи 60 ихтисос мутахассисони дараҷаи бакалавр, маълумоти олидор ва магистрҳоро тайёр менамоянд. Дар сохтори донишгоҳ Донишкадаи политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд ва Коллеҷи техникӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд.
Дар соли гузашта дар донишгоҳ 481 нафар устоди асосӣ ва 131 нафар ҳамкор фаъолият намуд, ки аз онҳо 22 нафар доктори илм ва 151 нафар номзади илм аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






