Суд: пардохти зиёда аз 1 млн. сомонӣ ба буҷети давлат

Январь 14, 2015 12:07

 
Душанбе, 14.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- «Дар давраи ҳисоботӣ дар Суди олии  иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 435 адад парванда ва 172 аризаву шикоят баррасӣ шудааст, ки ҷамъи умумии он 607 ададро ташкил медиҳад»,- изҳор дошт раиси Суди олии иқтисодӣ Мансурзода Наим имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон. 
Вай ҳамчунин зикр намуд, ки  маблағи даъвоҳои қонеъ гардида 30 млн. 696 ҳазору 381 сомониро ташкил медиҳад. Аз маблағи даъвоҳои қонеъшуда ба манфиати  мақомоти давлатӣ  12 млн. 531 ҳазору 410 сомонӣ рӯёнида шуда, аз рӯйи аризаҳои даъвогӣ, шикоятҳои кассатсионӣ ва назорати боҷи давлатӣ ба фоидаи буҷети давлат ба маблағи 1 млн. 052 ҳазору 602 сомонӣ пардохт шудааст.  
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ  дар чавоб ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба парвандаҳои ширкатҳои хориҷӣ Мансурзода Наим гуфт, ки дар давоми сол 4 даъвои баҳсии ин гуна ширкатхо ба қайд гирифта шудааст. 
 
 

Январь 14, 2015 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид