Таҳияи стратегияи нави рушди саноати нассоҷиву дӯзандагӣ

Январь 27, 2015 10:21

Душанбе, 27.01.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ҳамроҳ бо Маркази тиҷорати байналмилалӣ силсилаи машваратҳоро бо ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати таҳияи «Стратегияи нави панҷсолаи рушди саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Тоҷикистон» оғоз карданд. Нахустин давраи фаннии машваратию омӯзишӣ бо иштироки намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ рӯзҳои 27-28-уми январи соли 2015 дар меҳмонхонаи «Шератон» дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. 
Ба иттилои Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ), маркази мазкур дар соли 2009 низ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи «Стратегияи рушди содироти маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ барои солҳои 2010-2013» мусоидат расонид. Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, натиҷаҳои стратегияи қаблиро муваффақ номида, сатҳи баланди иҷрои баъзе нуктаҳои стратегияи мазкурро зикр кард ва ҷиҳати истифодаи ҳатмии донишҳои андӯхта аз таҷрибаи қаблӣ барои панҷсолаи баъдӣ таъкид намуд. Ҷаноби Бобозода мегӯяд: “Стратегияи қаблӣ барои ҳамоҳангсозии талошҳо ва коргирӣ аз равиши ягонаи ҳалли масъалаҳои муайяншуда заминаи муҳим фароҳам оварда буд. Мо низоми мудирияти сифатро дар баъзе ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагӣ беҳтар кардем, сатҳи огоҳии мутахассисони тоҷикро доир ба талаботи муосири бозор боло бурдем, ба бозорҳову харидорони нав роҳ кушодем, ва ҳамчунин ном ва ҳузури худро дар бозорҳои берунӣ тақвият бахшидем”. 
Эрик Бушо, корманди аршади шуъбаи стратегияи содирот дар дафтари марказии МТБ дар Женева мегӯяд: “Бо назардошти дастовардҳо ва камбудиҳо аз стратегияи қаблӣ, мо ҳоло бояд талош бикунем, то Стратегияи рушди саноати нассоҷиву дӯзандагӣ дар Тоҷикистон аз нигоҳи стратегӣ бомавқеъ бошад ва тавоноии мусоидат ба зуҳури як муҳити рақобатпазирро, ки хоси ин соҳа аст, дошта бошад. Дар машварати нахустин аз ҳама иштироккунандаҳо даъват мешавад, то дар мавриди вазъи феълии соҳа, мушкилоти асосӣ дар роҳи боло бурдани сатҳи рақобатпазирӣ, ва самтҳои стратегии лозимӣ ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ба хулосаи ягона бирасанд. Сармоягузорӣ дар ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва боло бурдани сатҳи самаранокии истеҳсолот тавассути омӯзишу рушди захираҳои инсонӣ намунае аз роҳҳо ба сӯи ин ҳадаф ба ҳисоб мераванд”. 
Маркази тиҷорати байналмилалӣ баҳогузории аввалияи соҳаро ба анҷом расонидааст, ки натиҷаҳояш дар муайян кардани мушкилоти рақобатпазирӣ ва имкониятҳо барои рушди соҳа бо истифода аз равиши бозорӣ асос мегарданд. Дар машварати нахустин натиҷаҳои муқаддамотии вазъи соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон, ки аз ҷониби МТБ гузаронида шудааст, таҳлил ва тасдиқ мешаванд, самтҳои афзалиятнок ва имкониятҳои то ҳанӯз истифоданашуда муайян мегарданд ва нақшаи аввалияи стратегии иҷро таҳия мешавад. Интизор меравад, стратегияи нав доираи васеи мушкилотро ба монанди монеаҳо ва маҳдудиятҳо дар роҳи таъминот, муҳити тиҷоратӣ, дастрасӣ ба бозор, тақвияти сохтору ниҳодҳои марбута ва тавонмандсозии онон, ҷалби шарикони бештар ва масъалаҳои дигарро фаро бигирад.
 
 

Январь 27, 2015 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад