Ташкили 5 комиссияи ҳавзавӣ оид ба интихоботи аъзои ММ МО
Душанбе, 26.01.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 26 январи соли 2015 дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии комиссия баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ташкили комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, инчунин аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Аз ҷумла, баъд аз омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, бо Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тибқи талаботи моддаҳои 12 ва 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ташкили омодагиҳо ва баргузории интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар ҷумҳурӣ 5 комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ташкил шуд.
Дар ҷаласаи комиссия зикр гардид, ки барои баргузории интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ як комиссияи ҳавзавӣ, ҷамъ 5 комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар ҳайати раис, муовини раис, котиби комиссия ва 8 нафар аъзои комиссия таъсис дода шуд.
Ҳамзамон дар ҷаласаи комиссия масъалаи аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои иштироки онҳо дар интихоботи дарпешистода мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зикр гардид, ки тибқи талаботи қонунгузории интихоботӣ бо мақсади шаффоф ва озоду демократӣ баргузор намудани интихобот, мушоҳидаи раванди омодагиҳо ба баргузории интихобот бо даъватномаи Вазорати корҳои хориҷӣ нозирони байналмилалӣ даъват мешаванд.
Дар ҷаласаи комиссия бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳайати нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро шахсан Котиби генералии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳбари Котиботи Шӯрои ин созмон Сергеев Алексей Иванович роҳбарӣ намуда, ба ҳайати нозирон инчунин намояндагони парлумонҳои давлатҳои аъзои Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар шахсони расмӣ шомил мебошанд.
Тибқи қарори комиссия 15 нафар нозир аз ин созмони байналмилалӣ аккредитатсия карда, ба онҳо шаҳодатномаи нозири байналмилалӣ супорида мешавад.
Масъалаҳои аккредитатсияи минбаъдаи нозирон аз дигар созмонҳои байналмилалӣ бо назардошти ворид шудани пешниҳодҳо дар ҷаласаҳои минбаъдаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.








Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст






