Ташкили фазои ягона дар савияи миллӣ ва байналмиллалӣ

Январь 19, 2015 13:40

Душанбе, 19.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-«Омори нархҳо ҳамарӯза ҷамъоварӣ ва таҳлили ҳафтаина гузаронида мешавад. Ҳар ҳафта аз рӯи 23 минтақаи ҷумҳурӣ дар бораи нархҳои миёнаи маҳсулоти асосии хӯрокворӣ иттилоот пешниҳод  мешавад ва барои таъмини дастрасии умум ва шффофияти маълумотҳои оморӣ дар нашрияҳои расмӣ, воситаҳои ахбори омма чоп гардида, дар сомонаи агентӣ бо се забон ҷой дода мешаванд»,-гуфт Гулнора Ҳасанзода, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 19-уми январ зимни нишасти матбуотӣ.
Дар бахши истеъмолӣ “Таснифоти истеъмолоти инфиродӣ аз рӯи мақсад” барои ҳисоби индекси нархҳои истеъмолӣ таҳия ва тасдиқ  шуд. Номгӯи молҳо (хизматрасониҳо)- намояндагиҳо, ки барои ҳисоби индекси нархҳои истеъмолӣ бо мақсади мутобиқгардонӣ ба талаботи нашрияҳои байналмиллалӣ тибқи Таснифоти истеъмолоти инфиродӣ аз рӯи мақсад истифода мешавад, аз нав баррасӣ шуд.
Гуфта мешавад, ки бо мақсади ташкили фазои ягонаи иттилоотӣ дар савияи миллӣ ва байналмиллалӣ дар назди Агентии омор такмил ва татбиқи Низоми ягонаи синфбандӣ ва рамзгузории маълумотҳо вогузор шудаанд.
 
 
 
 

Январь 19, 2015 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад