ТВС забони хориҷӣ меомӯзонад

Январь 7, 2015 11:55

Душанбе, 07.01.2015. (АМИТ «Ховар», Мукаддас Темурзода).- Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» баргузор гардид, директори муассиса Лутфулло Давлатзода изҳор дошт, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ ва мусоидат ба ташаккули фарҳангу маънавиёт дар ҷомеа  ТВС дар ҳамкорӣ бо телевизиони «Тулуъ»-и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон лоиҳаи «JILO»- маросими байналмилалии ҷоизасупорӣ барои саҳмгузорӣ дар рушди фарҳанг ва санъати форсизабонони дунёро амалӣ намуд. Даври ҷамъбастии лоиҳа дар Муассисаи Душанбе — Плаза дар сатҳи баланди ташкилӣ бо иштироки шахсиятҳои маъруфи фарҳангу ҳунар ва ҳунармандони машҳур баргузор шуд ва аз ҷониби бинандагон баҳои баланд гирифт.
«Дар семоҳаи охир бо назардошти талаби замон таҳия ва пахши барномаи омӯзиши забони англисиро ба роҳ мондем, ки ҳафтае се маротиба пахш мешавад. Ин барнома аллакай мухлисони худро пайдо кардааст ва боварӣ дорем, ки бо таҳия ва пахши ин барнома дар забонмӯзии насли наврас ва дар маҷмӯъ, бинандаҳои «Телевизиони Сафина» саҳмгузор бошем»,-  афзуд Л. Давлатзода. 

Январь 7, 2015 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад