Вусъати ниҳолшинонӣ дар Кӯлоб

Январь 7, 2015 14:43

 Кӯлоб,  07.01.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол)- Бахшида ба 700- солагии олим ва мутафаккири  Машриқзамин Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 70- солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А Рӯдакӣ ва пойтахти фарҳангии давлатҳои Муштарак- ул манофеъ эълон гардидани шаҳри Кӯлоб дар соли 2015 дар шаҳр бунёди иншооти маданию маишӣ ва хизматрасонӣ аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ босуръат идома дорад. Дар маҳаллаи ба номи Ҷаббор Расулов бо дастгирии ҳокимияти давлатӣ дар рӯзҳои истироҳат аксари шаҳрвандон ва муҳассилини муассисаҳои давлатии шаҳри Кӯлоб ба ҳашар баромада, ба шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда машғул гардиданд. Дар ин рӯз сокинони маҳаллаи мазкур ва муҳассилини литсеи касбӣ- техникӣ беш аз 800 ниҳолро дар майдони 80 садяк шинониданд. Ба гуфти дастандаркорон чунин иқдом дар ҳамаи маҳаллаҳо ва кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Кӯлоб то оғози фасли баҳор идома хоҳад ёфт.

Январь 7, 2015 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст