Заҳролудшавӣ аз консерваи худсоз

Январь 27, 2015 13:53

Душанбе, 27.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-26 январи соли равон  соати 18.00-дақиқа, шаш нафар аъзои оилаи Сатторовҳо, истиқоматкунандагони ҷамоати деҳоти Шаҳраки ноҳияи Исфара, дар натиҷаи истеъмоли маҳсулоти консервакардашудаи худсоз ҳангоми хӯроки шом заҳролуд шуда, дар беморхона бистарӣ гаштанд. 
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, Муборак Саттороваи 7 сола  баъди чанд муддат дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Маъмулан соҳибхоназанҳо бо истифода аз меваю сабзавот барои худ консерваҳои гуногун захира менамоянд. Баъзан вақт ҳангоми омода намудани чунин консерваҳо талаботи санитарию гигиениро риоя намекунанд, ки ин боиси заҳролудшавӣ аъзои оила мегардад. 
Масъулони вазорат  хабар медиҳанд, ки ин нахустин ҳолати заҳролудшавии шахсон аз консерваҳои худсоз  нест ва  аз мардуми кишвар даъват менамоянд, ки  ки ҳангоми омода намудан ва истеъмоли консерваҳои худсоз боэҳтиёт бошанду саломатӣ ва ҳаёти худро зери хатар нагузоранд. 
Хотиррасон мекунем, ки соли гузашта  дар шимоли Тоҷикистон низ як гуруҳ сокинон ҳангоми истеъмоли консерваи худсохт заҳролуд шуданд. Чунин ҳодиса тирамоҳи соли 2012 низ рух дода, баъди истеъмоли консерваи помидору бодиринг дар Зафаробод як нафар фавтида ва  26 нафари дигар дар ҳолати вазнин дар беморхона  бистарӣ шуд. 
 
 

Январь 27, 2015 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст