Заҳролудшавии оилаи ҷавон дар Суғд

Январь 13, 2015 09:50

Хуҷанд, 13.01.2015. (АМИТ Ховар, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шимоли кишвар боз як ҳолати аз ангишт заҳролудшавии як оилаи ҷавон ба қайд гирифта шуд. Тавре ки ба АМИТ Ховар аз РВКД ҶТ дар Суғд иттилоъ доданд, 11 январи соли ҷорӣ тақрибан соатҳои 3-и шаб оилаи ҷавон, истиқоматкунандагони нохияи Истаравшан, ҷамоати деҳоти Гули сурх, деҳаи Боғи калон, Баҳриддин Шоаюбов, с/т 1993 ва ҳамсараш Маҳлиё Ҷумъаева, с/т 1993, ҳангоми гарм намудани хона аз дуди ангишт заҳролуд гашта, дар натиҷа ҳар ду  фавтиданд.
Аз саршавии мавсими тирамоҳу  зимистон, яъне аз моҳи октябр  то охири декабр дар қаламрави Суғд аз заҳролудшавӣ 8 нафар фавтидааст, ки аз ин шумора 2 нафар кӯдаки хурдсол аз ноҳияи Айнӣ ва ду оилаи ҷавон мебошад. 

Январь 13, 2015 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад