Қатли 7 нафар дар Бангладеш

Февраль 3, 2015 15:51

Душанбе,03.02.2015. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-     
Субҳи имрӯз дар наздикии шаҳри Чаудограми қисми шарқии Бангладеш шахсони  мусаллаҳи номаълум ба нақлиёти ҳомили сокинони осоишта ҳамла оварда, онро ба коми оташ кашиданд. Дар ҷои ҳодисаи 7 нафар ба ҳалокат расида, 15 нафари дигар  захми гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Гуфта мешавад, ки аз ҷониби салоҳиятдорони  кишвар амалиёти фаврӣ барои дарёфт ва боздошти омилони ҳамла ташкил шуда, то ҳол  идома дорад. 
    Душанбе,03.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Мувофиқи иттилои Вазорати мудофиаи Ироқ шаби гузашта  низомиёни артиши миллии Ироқ паноҳгоҳи силоҳбадастонро мушакборон намуда, беш аз 50 нафар аъзои гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ»-ро маҳв намуданд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар минтақаи Киркук  як нуқтаи истихроҷи нафт аз тасарруфи силоҳбадастон озод шуд.
    Душанбе,03.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ҳафтаи равон дар корхонаи истеҳсоли маводи тарфгарии штати Тамилнад, воқеъ дар қисми ҷанубии Ҳиндустон таркиши шадид  ба амал омад. Дар пайи ин ҳодиса 8 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 10 нафар  бо ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона интиқол дода шуд. Мутахассисони соҳа дар ҷои ҳодиса сабабҳои асосии сар задани онро муайян менамоянд.
    Душанбе,03.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар нақби музофоти Анхойи қисми шарқии шаҳри Суҷойи Ҷумҳурии Мардумии Чин
бар асари садамаи техникӣ 5 нафар нақбкан ба ҳалокат расида, 2 каси дигар бедарак гардидааст. Қобили зикр аст, ки ҳангоми  ҳодиса дар дохили нақб 34 нафар фаъолият дошта, 27 каси он  тавонистанд мустақилона берун оянд ва 7 нафари дигар бедарак мондаанд. Дар айни замон дар ҷойи ҳодиса кормандони Хадамоти наҷотдиҳӣ фаъолият доранд.
   Душанбе,03.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тавре  ки вазири нави молияи Юнон Янис Варуфакис зимни суханронӣ дар Франсия изҳор дошт, ҳадафи асосии мамлакати ӯ бастани қарордоди нав бо қарздиҳандагони байналмилалӣ то охирҳои моҳи майи соли ҷорӣ мебошад. Ва низ гуфта мешавад, ки вазир тасмим дорад бо мақсади идома додани музокирот оид ба масъалаҳои қарзи давлатӣ ба Британияи Кабир, Олмон ва Италия сафар намояд. 

Февраль 3, 2015 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст