“Ҳамқадам”-нашрияи нав дар Қурғонтеппа

Февраль 7, 2015 10:41

Душанбе, 07.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар шаҳри Қурғонтеппа нашрияи нав бо номи “Ҳамқадам”, ки аз чор саҳифа иборат  мебошад, рӯи чоп омад. 
Тавре ки сомонаи расмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар шумораи якуми рӯзнома оид ба фаъолияти Маркази омӯзишии «Ҳамқадам», нишасти матбуотии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонон, ҳамчунин оид ба ҳаёту фаъолияти журналисти ҷавон Марҳабо Ғоибова, муовини сардори Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон хабару мақолаҳо ба табъ расидаанд. Гуфта мешавад, ки дар рӯзномаи «Ҳамқадам»  саҳифаи махсусе зери рубрикаи “Як гӯшаи диёр” низ мавҷуд аст, ки дар бораи мавзеъҳои таърихию тамошобоби навоҳии Хатлонзамин мавод нашр мекунад.

Февраль 7, 2015 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст