«Ҳомиёни ҷасури Ватан» дар Хуҷанд

Февраль 17, 2015 08:53

Душанбе, 17.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумхурии Тоҷикистон ва солгарди баровардани қӯшунҳои шӯравӣ аз Афғонистон, ҳафтаи гузашта даври ниҳоии мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ҳомиёни ҷасури Ватан» байни хонандагони шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Мақсад аз чорабинӣ беҳдошти тарбияи ҳарбӣ-варзишии ҷавонон, содиқона муҳофизат намудани диёри худ ва омодагии ҷавонон барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 
Мусобиқа аз рӯи намудҳои ҳаракатҳои сафӣ, иҷро кардани амалиёти сафгарди ҳамаи даста, давидан ба масофаи 100 метр, ҳаво додани норинчак ба масофа, кашидани вазн, варзнбардорӣ (16кг), ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ кардани қисмҳои яроқи АК, тирҷойкунӣ ба тирдон, тирпарронӣ аз туфанги пневматикӣ дар масофаи 10 метр баргузор гардид.
Ба мусобиқа беш аз 500 нафар ҷавон ҷалб гардида, дар натиҷа дастаҳои гимназияи №13, МТҒ «П.Пӯлотов» сазовори ҷои якум, дастаҳои гимназияи №4, Литсейи донишкадаи политехникӣ сазовори ҷои дуюм ва дастаҳои МТМУ №14, МТҒ «Мактаби Иршод» сазовори ҷои сеюм гардиданд.  
 
 

Февраль 17, 2015 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад