200 иншооти ҷашнӣ дар Кӯлоб

Февраль 7, 2015 10:41

Душанбе, 07.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Чанде пеш гурӯҳе аз олимон рамзи ҷашнвораи 700- солагии Мир Сайид Алии Ҳамадониро таҳия намуданд, ки он аз ҷониби мақомоти дахлдор тасдиқ гардид. Ҳамакнун тамоми чорабиниҳои марбут ба ҷашнвораи ин абармард таҳти рамзи тасдиқшуда баргузор мешавад ва дар таълифи китобу армуғонҳои ҷашнӣ низ истифода мегардад.
Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои кишвар, доктори илмҳои фалсафа Абдулвоҳид Шамолов  дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки ҳадаф аз рӯй овардан ба осору таълифот ва зиндагиномаи фарзандони шаҳири миллат, ба мисли Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ он аст, ки мо асли ҷавҳари худро шиносем. Осору таълифоти ин орифи бузург,  ки ба забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ навишта шудаанд, бештар масоили гуногуни таърихию афкори фалсафӣ ва тасаввуфии ниёгонро фаро мегирад. Ба ин хотир, омӯзиши андешаҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои ҷомеаи мо аз фоида холӣ нест ва ҷашни 700-солагии ин марди фарзона барои мардуми шарифи Тоҷикистон падидаи фарҳангӣ ва боиси ифтихор аст.  
Алҳол омодагиҳо ба пешвози ин ҷашнвора, ки ҳамрадиф ба он 70 — солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Соли пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон шудани шаҳри Кӯлоб таҷлил мегардад, бомаром идома доранд. 
Дар робита ба ҷашнҳои мазкур  бунёд ва навсозии бештар аз 200 иншоот, баргузории даҳҳо чорабиниҳои фарҳангӣ ва конфронсу ҳамоишҳои гуногун дар назар аст.

Февраль 7, 2015 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст