200 миллион $-и Чин барои сохтмони 2 корхонаи саноатӣ

Февраль 27, 2015 09:19

        Душанбе, 27.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи  сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои  масъулияти  маҳдуди  «Ширкати  кӯҳӣ-саноатии  Тоҷикистону Чин» оид ба коркарди маҷмӯии  захираҳои  кони «Зарнисори Шимолӣ»-ро тасдиқ намуданд. 
      Лочин Файзуллозода-муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ  дар Парлумони кишвар гуфт, ки  тибқи ин санад сармоягузор лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи корхонаи  истихроҷ  ва коркарди маҷмӯии маъданҳои полиметаллӣ дар кони «Зарнисори Шимолӣ»- ро бо иқтидори солонаи 2 миллион тонна маъдан,  сохтмони корхонаи металлургӣ бо тавоноии истеҳсолии 20 ҳазор тонна сурбро дар як сол ва бунёди дигар инфрасохтори зарурии маҳаллиро ба уҳда гирифтааст. 
       Мутобиқи Созишномаи мазкур сармоягузор  тамоми уҳдадориҳоро доир ба маблағгузории лоиҳа дар давоми муҳлат ва мақсадҳои муайянгардида ба зиммаи худ мегирад.  
          Лочин Файзуллозода афзуд, ки ҳаҷми сармоягузорӣ 200 миллион $-ро ташкил дода, тибқи нақша лоиҳа бояд то соли 2018 ба анҷом расонида шавад.  Корхонаҳои мазкур бо технологияҳои замонавӣ бунёд гардида, бо оғози фаъолият беш аз 2 ҳазор ҷои кори нав  муҳайё хоҳад гашт. Дар маҷмӯъ татбиқи  лоиҳаи мазкур ба рушди иқтисодию истеҳсолии кишвар равона гардида, ба воридоти  техника ва технологияи ҷадид, бунёди инфрасохтори замонавӣ, ғанӣ гардонидани буҷет, ташкили ҷойҳои кории нав  ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии кишвар мусоидат хоҳад кард.  
 

Февраль 27, 2015 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид