Барномаи нави назорати сил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

Февраль 12, 2015 08:52

Душанбе, 12.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Сюзан М. Эллиотт ва Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барномаи нави назорати силро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз намуданд. 
Тавре ки дар ин бора аз сафорати ИМА дар ТОҷикистон хабар доданд, барномаи мазкур идомаи барномаҳои қаблии USAID мебошад, ба монанди инҳо: “TB CARE I”,  “Тандурустии босифат” (QHCP) ва “Муошират оид ба ВНМО ва бемории сил”. Дар натиҷаи ҳамкории муштараки USAID ва Ҳукумати Тоҷикистону дигар шарикон дар мубориза бар зидди сил вазъият дар панҷ соли охир ба эътидол оварда шуд. Бино ба ҳисоботи охирини ҷаҳонӣ дар бораи сил афзоиши шакли мутобиқгаштаи сил дар ҳамаи панҷ кишвари Осиё Марказӣ боиси нигаронӣ аст.  Гуфта мешавад, ҳадафи барномаи панҷсолаи USAID оиди назорати сил паст намудани сатҳи бемории сил ва шакли мутобиқгаштаи он дар Тоҷикистон мебошад. Барнома ба беҳтаргардонии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба ташхис ва табобати бемории сил бо истифода аз усулҳои ба бемор нигароншуда, тақвияти таҳлилгоҳу дигар қисматҳои тандурустӣ дар вилояти Суғду Хатлон ва водии Рашт, ҳамчунин қабули ҳуҷҷатҳои танзимкунанда дар сатҳи миллӣ равона шудааст.
Барнома аз ҷониби консортсиуми шарикон бо роҳбарии Лоиҳаи “ҲОУП” ва дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Шоҳигарии Нидерланд оид ба мубориза бар зидди бемории сил (KNCV), Созмони байналмилалии муҳоҷират, Фонди СПИД дар Шарқу Ғарб амалӣ мегардад.

Февраль 12, 2015 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад