Баррасии Паём дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил

Февраль 14, 2015 11:43

 

Душанбе, 14.02.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои генералии иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил Муродалӣ Солеҳ баргузор гардид. Дар ҷаласаи Шӯро се масъала — баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъбасти фаъолияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил дар соли 2014 ва вазифаҳо барои соли 2015 ва тасдиқи Қарори Кумитаи иҷроияи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил аз 9 феврали соли 2015 муҳокима гардид. 
Аз рӯи масъалаҳои марбут ба Паём мушовири калони Бахши ёрдамчии Президент оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Мансур Сайфиддинов, раиси  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил Муродалӣ Солеҳ ва доир ба масъалаи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил Қарчӣ Каримов сухан гуфтанд. 
Дар ҷаласа зикр шуд, ки соли 2014 дар қаламрави мамлакат беш аз 252 ҳазор ҷойи нави кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъсис дода шуд. Ҳамаи ин дастовардҳо боиси аз 35,6 ба 32 фоиз поён рафтани сатҳи камбизоатӣ гардид.
Бо назардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли равон марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ амалӣ  мешавад. Аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 15 фоиз, кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ 20 фоиз зиёд мешавад.
Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синн ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 20 фоиз зиёд  мешавад.
Дар фарҷом доир ба масъалаҳои баррасишуда, аз ҷумла оид ба талабот ва дархостҳое, ки аз Паёми Президент бармеоянд. нақшаи чорабиниҳо ва қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба роҳбарони ташкилотҳои ҳамузв ва зерсохторҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил супориш дода шуд, ки Паёми Сарвари давлатро дар тамоми сохторҳои иттифоқҳои касаба баррасӣ намуда, барои дар амал татбиқ шудани талаботи он чарабиниҳо таҳия намоянд. 
 
 

 

Февраль 14, 2015 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид