Бунёди шаҳраки нав дар Кӯҳистони Мастчоҳ

Февраль 9, 2015 16:17

Хуҷанд, 09.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шимоли кишвар боз як шаҳраки нав бунёд хоҳад шуд.  Дар робита ба ин дирӯз бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баҳри бунёди шаҳраки наву замонавӣ санги асос гузошта шуд. Тавре  ки ба АМИТ “Ховар” аз маркази матбуоти роҳбари вилоят иттилоъ доданд, Абдураҳмон Қодирӣ зимни мулоқот бо сокинони ноҳия зикр намуд, ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зери таваҷҷуҳи доимии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, шаҳраки нав дар дашти Рогиф дар масоҳати умумии наздик ба 20 гектар бунёд ёфта, дар он иншооти гуногуни иҷтимоиву хизматрасонӣ, аз қабили бинои мақомоти иҷроияи ноҳия, хонаҳои истиқоматӣ, милитсия, прокуратура, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, марказҳои гуногуни савдо ва хизматрасонӣ, автоволкзал, чойхона  қомат хоҳад афрохт. 
Бо ин мақсад дар марҳилаи аввал аз ҳисоби Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят наздик ба 10 миллион сомонӣ мабалағҳои зарурӣ ҷудо гардидаанд. Инчунин бо мақсади таъмини шаҳрак бо оби нӯшокӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 1,5 миллион сомонӣ ҷудо гардида, ба ин мавзеъ аз сойи Каллахона бо қубурҳои баландфишори 250 мм ба масоҳати умумии 7,2 км об оварда мешавад. 
Ҳамчунин аз қисмати болоии шаҳрак барои шаҳрвандони эҳтиёҷманд заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо мешаванд. 

Февраль 9, 2015 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад