Дастовардҳои Китобхонаи давлатии патентию техникӣ

Февраль 11, 2015 14:07

Душанбе, 11.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Моҳи майи соли 2015 Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон 50-солагии китобхонаро таҷлил менамояд. Китобхона иқдом гирифтааст, ки рӯзҳои 5-6 майи соли равон конфронси байналмилалии соҳаи китобдорӣ  дар мавзўи «Китобхонаи давлатии патентию техникӣ -50 соли фаъолият, рушд ва дастовардҳо» бо даъвати меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар баргузор намояд.
     Вобаста ба ин санаи таърихӣ китобхона тасмим гирифтааст, ки як шумораи маҷаллаҳои «Китобдор» ва маҷаллаи муассиса «Моликияти саноатӣ ва бозор»-ро ба сарпарастӣ гирифта, дар он мавод доир ба фаъолият ва таҷлили 50-солагии китобхонаро ба чоп расонад. 
Гуфта мешавад, ки дар давоми 2 соли охир аз ҷониби китобхона ду конфронси ҷумҳуриявии соҳаи китобдорӣ  дар мавзўи «Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеа» ва «Низоми фаъолияти китобхонаҳои электронӣ ва ташкили маъхазҳои иттилоотии интернетӣ дар Китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», аввалин озмуни  ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол», ки бахшида ба «Рӯзи китоб» 4-уми сентябри соли гузашта баргузор шуд, дар рушду нумўи соҳаи фарҳанги кишвар саҳми арзанда гузошт.
 Ёдрас мешавем, ки рисолати асосии Китобхонаи давлатии патентию техникӣ, пеш аз ҳама ҳамчун муассисаи фарҳангӣ ва иттилоотӣ дар ҷамъоварӣ, коркарди илмӣ, гурўҳбандӣ, нигоҳдорӣ, омўзишу тарғиб ва истифодаи самараноки хазинаи муташаккили  иттилоотӣ зоҳир гардида, ҳоло хазинаи  Китобхонаи давлатии патентию техникӣ 15,2 миллион нусхаро ташкил намуда, ғайр аз ин ба хазинаи 52 миллионаи низоми  патентию иттилоотии Авруосиё (ЕАПАТИС», Китобхонаи илмии виртуалии Тоҷикистон   ва маъхазҳои гаронҳаҷм дастрасӣ дорад.
 
 

Февраль 11, 2015 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст